Дар нишасти матбуотие, ки ҶС «Ӯзагросуғурта» дар маркази матбуоти миллӣ ташкил намуд, фаъолияти солона ва даври чоряки аввали соли 2024 таҳлил шуд.
Аз баромади мутахассисони соҳа маълум шуд, ки ҷамъияти номбурда агар аввали соли 2023 ба мизоҷон 18 намуди хидмати суғуртаро пешниҳод карда бошад, дар охири сол он ба 26-то расидааст. Рақамигардонии соҳа ба фаъолияти ширкат як қатор афзалиятҳоро фароҳам овард. Таҳлили солона нишон медиҳад, ки хидмати ҷамъият нисбати соли 2022 ба 121,6 фоиз афзудааст. Ҳаҷми маҷбурияти суғурта мувофиқи шартномаҳои расмишуда дар соли 2023 ба 151,5 фоиз зиёд гардид. Аз 715 314 шартномаи суғуртаи бо мизоҷон бастаи ҷамъият 650 034-тоаш ба саломатӣ ва мулки аҳолӣ, 65 280-тоаш ба навъҳои дигари суғурта марбут аст.
Нишондиҳандаҳои чоряки аввали соли ҷорӣ низ назаррасанд. Ҷамъият дар ин давр 104 774 шартномаи суғуртавӣ баста, ба маблағи 25,8 триллион сӯм суғуртаи ҷавобгарӣ ба даст овард. Дар доираи он ҷамъ 15,3 миллиард сӯм ҷаримаи суғуртавӣ ситонд. Ёдрас намудан ҷоиз аст, ки фаъолияти ҷамъият аз ҷониби рейтинги байналхалқии агентиҳо эътироф гардида, ба талабҳои стандарти байналхалқии ISO 9001:2015 мувофиқ дониста шуд.
Г. КАБИРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».