Як гурӯҳ ҳунармандони театр ва кинои мамлакат аз шаҳри Тошканд ба вилояти Фарғона ташриф оварданд ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мардум вохӯрданд.
Онҳо оид ба кору фаъолияти худ маълумот ироа намуда, чанд филми ҳунариро низ намоиш доданд.
Ин чорабиниҳо, ки бо ташаббуси ҳокимияти вилоят, Маркази маънавият ва маърифат, Агентии кинематография ва дар ҳамкорӣ бо тарғиботчиёни ҷамъияти «Маърифат» бар асоси лоиҳаи хоси «Кинокорвон» сурат гирифт, таҳти шиори «Агар муттаҳид шавем, халқи ягонаем, агар куллан иттиҳод бандем, Ватанро ташкил мекунем!» ба вуқӯъ пайваст.
Яке аз ин мулоқотҳои ҷолибу хотирмон дар ноҳияи Сӯх баргузор гардид. Нишастгоҳҳои толори Хонаи маданияти деҳкадаи Ҳушёр ҳамон рӯз аз мардум пур шуд. Онҳо суханрониҳои актрисаи синамо Илмира Раҳимҷонова, киноактёр ва оҳангсоз Алӣ Ниёзамбетовро хеле хуб пазироӣ ва бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд.
– Миллати ман тоҷик аст ва дар деҳаи Бурҷимуллои ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд дида ба дунё кушодаам. Албатта, аксарияти шумо маро аз тамошои сериёли «Чархпалак» мешиносед. Он вақт ҳанӯз духтари хона будам ва издивоҷ нокарда дар ин филм нақши Марям – лӯлидухтарро бозидам. Баъд дар филмҳои зиёд нақшҳои гуногунро офаридам, – гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки духтарони Сӯх низ метавонанд ба касби актёрӣ шавқу завқ зоҳир кунанд ва мисли ӯ, ки дар деҳа таваллуд шудаву ба камол расидааст, дар донишгоҳу коллеҷҳои санъат таҳсил намуда, дар филму намоишҳо нақшҳои гуногун офаранд. Ба таъкиди ӯ имрӯз дари чунин имкониятҳо ба рӯйи духтарони маҳаллӣ низ боз аст ва дар ин росто Президент Шавкат Мирзиёев ба занону духтарон ғамхории хос зоҳир мекунад.
Дар идома вай аз филми Томирис муколамаеро ба ҳозирон тақдим намуд.
Мулоқотро Алӣ Ниёзамбетови қароқалпоқ, ки ҳам ҳунари актёрӣ ва ҳам ҳунари бастакориву сарояндагӣ дошт, боз ҳам бештар пуршавқу шӯр намуд. Вай ҳатто чанд суруди тоҷикӣ сароид ва мардумро ба рақс даъват кард.
– Имрӯз бори нахуст як сурудеро ба самъи шумо мерасонам, ки «Азизам» ном дорад ва шунавандагони аввалини он мардуми Ҳушёр аст! – гуфт бо тантана.
Дар лоиҳа инчунин артистони хидматнишондодаи Ӯзбекистон Эгамбердӣ Раҳимов ва Шоҳида Узоқова, киноактёрон Фирӯза Саидова, Шоҳрух Ҳамдамов, Раъно Шомирзоева, Шавкат Комилов, Хуршед Тӯхтаев ва чанд нафар адибон, олимону синамошиносон низ ташриф оварданд ва дидору мулоқотҳои онҳо дар зеҳни мардум таассуроти хуб боқӣ гузошт.
Илҳомҷон АБДУМАҶИДОВ,
ноиби ҳокими ноҳияи Сӯх оид ба сиёсати ҷавонон,
ривоҷи иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ.