НЕКНОМУ ЗИНДАЁД

Сурӯше ба гӯши ақл нидо мекунад, ки: Абдулло буду ҳаст, бо мост ва баъди мо ҳам хоҳад буд, 70 сол барои ӯ умр не, лаҳзае аз ҳаёти ҷовидони ӯст.

 Ӯ баъди мо низ солиёни зиёд носипосони лафзи модариро:
Касе к-аз лафзи модар рӯй тобад,
Дигар аз ӯ чӣ мехоҳӣ ту виҷдон.
Надорад ҳар кӣ лафзи 
модараш дӯст,
Чӣ сон онро ту мегӯӣ баимон.
гӯён нафрину мазаммат мекунаду чун мураббии варзида ба ҷавонон панд медиҳад, ки:
Дар рӯйи ҷаҳон ҷаҳони худ 
бояд дошт,
Дар кавну макон макони худ 
бояд дошт.
Бо номи падар хатост сарафрозӣ,
Як номи баланд аз они худ 
бояд дошт.
Ӯ ба зиндагонии ҷовидона эътиқоди қавӣ дошт магар, ки дар ҳаққи устоди зиндаёдаш Лоиқи бузургвор гуфта буд:
Бошад ҳама ҷо вирди забон 
ашъорат,
Аз зиндаи мо мурдаи ту 
зиндатар аст.
Зотан, зиндагӣ кардан саҳл асту зинда мондан ҳунар. Ва ин ҳунари волоро офаридгор на ба ҳар кас муносиб медонад. Яке аз бузургмардони олами маънӣ Б. Франклин гуфта буд: «Агар хоҳӣ умри дубора ёбӣ, ё чизе навис, ки қобили хондан бошад, ё коре бикун, ки лоиқи навиштан».
Аз ин лиҳоз номи Абдуллоро метавон дар радифи номи хушбахттарин инсонҳое гузошт, ки омаданашон рафтание надорад. Ӯ аз худ навиштаҳое боқӣ гузошта, ки қобили хондану омӯзиш ва азбаркуниву ба он амал карданҳост. Зиндагиномаву кору пайкораш лоиқи навиштану шоистаи чун оинаи ибрат ба ояндагон вогузоштан аст.
Бале, ӯ сарбаландона тавонист дар умри кӯтоҳи ҷисмониаш бо чакомаҳои воломазмуну миллатпарварона, бо хитобаву фарёдҳои дардолуди дар либоси ҳарири шеър печидаи бедоркунандаи ғофилон, бо шеъри ноби хештаншиносона, бо байту ғазалҳои ошиқона, нидои оташбори ҳушдордиҳанда ба носипосони лафзи модарӣ умри хешро бақои ҷовидона бахшад.
Ӯро ҳанӯз аз айёми парвоз дар фазои орзуҳои ширини наврасиаш мешинохтам. Бо хоҳиши падари фарзонааш ӯро ба даргоҳи Донишгоҳи давлатии Самарқанд роҳбаладӣ кардаам. Солҳои аввали донишҷӯияш дар як утоқи иҷоравӣ якҷоя зистаем. Бо амру супориши падараш назорати хондану «шишту хези» донишҷӯияш бар дӯши ман буд. Аввалин шунавандаву хонандаи мисраъҳои шогирдонааш ҳам ман будаам. Ӯро ба устоди зиндаёдаш Лоиқи бузург ман шиносондаам. Дафтари машқи шеърҳояшро барои изҳори назар ба Лоиқ ман пешкаш кардаам. (Худ аз хоксориву фурутанӣ ин корро раво намедид. Мегуфт: ҳанӯз чизе нанавиштаам, ки лоиқи назари устод бошад).
Зеҳни қобил, доираи васеи фаҳмиш дошт. Аз дарсу машғулиятҳо дер намемонд. Ӯ боадабона ба ман гӯш медод, дар зоҳир гӯё ба гуфтаҳои ман амал мекард. Дертар фаҳмидам, ки бино ба ақлу фикри хеш амал мекунад. Фанҳои таълимиро барои худ гурӯҳбандӣ ва тасниф карда буд: фанҳои дараҷаи аввал, фанҳои иловагӣ ва фанҳои нолозим. Ба ҳар гурӯҳи ин фанҳо муносибати худро дошт. 
Дар маҳфилҳои адабӣ, шабнишиниву чорабиниҳои маърифатӣ хеле фаъол ва гули сари сабади чунин ҳамойишҳо буд. Вақти беши худро ба мутолиа сарф мекард. Мутолиааш одӣ набуд. Ҳар чизи хондаашро бо таҳаммул аз ғалбери муқоисаву таҳлил дақиқона мегузаронд. Солҳое, ки мо ҳамхона будем, чанд китобе дошт, ки ҳар рӯз соатҳо варақ мезад. Китобҳои «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров, «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоуллои Ҳусайнӣ, «Санъати сухан»-и Т. Зеҳнӣ аз таъсири варақгардониҳо хеле фарсуда шуда буданд. Дарсҳои устодонаш С. Ҳалимов, Б. Валихӯҷаев, Ҳ. Далилиро бо гӯши ҷон мешунид, бо тамоми вуҷудаш аз бар мекард. Вақти беши худро дар шуъбаи дастхатҳои донишгоҳ мегузаронд ва он ҷо доиман бо донишманди ин соҳа Пӯлодӣ дар мулоқот буд.
Хушсурату хушахлоқ, ки буд, дар атрофаш нозанинҳои зиёде парвона буданд. Аммо ҳеч якеро ба «содадилбари деҳоти»-яш баробар намедонист. Ошиқи содиқе буд. 
Ӯ на танҳо шоири шеърофарин, балки шоири шоирофар ҳам буд. Гӯям, ки аз Зебуннисову Саодат, Розияву Маъсума, Масъуд ва чанде дигарон маҳз ӯ шоир сохт, аз доираи ҳақиқат берун нахоҳад буд. Худ гувоҳам, ки чакидаҳои рангини хомаи Сулаймону Холбой, Муҳаммадҷону Абдулваҳҳоб бо маслиҳатҳои муфиду кӯмаки бародаронаи ӯ суфтатару хонданибоб мегаштанд...
Муаллим буд. Ба ин ном лоиқ. Хирадманду заковатманд. Фидоӣ, дӯстдору волаи ин пеша, навҷӯву навовар. Шахсияташ намунаи волое барои шогирдон. Ҳар як дарсаш асари шавқовару мукаммале буд барои толибилмон. Тавониста, ки дар мазраи қалби кӯчаки эшон ниҳоли сифоти одамиву одамгариро рӯёнад ва нумӯъ бахшад... 
Шахсияти аҷиб ва нотакроре буд. Фаъол, ҷасуру далер, дарди ҷомеаро дарди худ медонист, лоқайдиву бепарвоӣ барояш бегона буд. Лоқайдонро намеписандид, дурӯягон душмани ҷонаш буданд. Гуфтору кирдораш тавъам буд.
... Соли 2013 бо сабабҳои номаълум дар мактабҳо таълим ба забони тоҷикӣ маҳдуд карда шуд. Бархе инро чун амри воқеъ қабул кунанд, баъзеҳо ин кор ба мо дахл надорад гӯён лоқайдӣ зоҳир мекарданд ва ҳатто буданд нафароне, ки ин амали ношоистаро дастгирӣ мекарданд ва миннатпазирии хешро назди ташкилотҳои боло беҷуръатона баён менамуданд. 
Ин барои Абдулло Раҳмон фоҷиа буд. Фоҷиаи тоқатфарсо ва сангин. Ӯ сабабҳои аслии рӯйдоди ин фоҷиаи нангинро хуб дарк карда буду бисёр ҳушёрона ва дақиқан дар доираи ҳуқуқи шаҳрвандӣ амал мекард. Боре ба яке аз наздиконаш таъин кардам, ки Абдулло ба ман занг занад. Баъди як рӯз занг заду бо саросемагӣ пурсид, ки ин бегоҳ тӯй меравед?
Дар ҷавоб не, ман рафта наметавонам, гуфтам. Мебахшед, гуфту зуд телефонашро хомӯш кард.
Бегоҳӣ дар торикии шаб аз дарвоза даромада омад. Сари як пиёла чой суҳбатамон  қӯр гирифт. Албатта, мавзӯи асосии суҳбат ҳамон баста шудани синфҳои тоҷикӣ буд. Ҳис мекунам, ки, – гуфт ошуфтаҳолона, – телефонамро гӯш мекунанд. «Ин бегоҳ тӯй меравед?» гуфтанам, «ин бегоҳ дар хона мешавед?» гуфтанам буд, ки зуд фаҳмидед.
Оре, вазъияти ҳозира касро ба ҳушёр шудан водор месозад, – гуфтам дар ҷавоб. Ин кор гӯё мутобиқи таклифи падару модарон шудаасту чизе гӯед, шумо ҳуқуқи шаҳрвандии онҳоро «поймол» мекунед. Дардатонро ба кӣ гуфтанатонро намедонед ва бо афсӯс илова кардам, ки аз ҷое садое нест. Аҳён-аҳён арзномаҳое, ки ҳамзабононамон ба ташкилотҳои болоӣ мефиристанд, бештар ба мактубҳои шикоятӣ шабоҳат доранд. Шахси алоҳидаеро гунаҳгор дониста, дар арзномаҳояшон ба ҷойи талаби қатъии ҳалли масъала чанд саҳифаро аз гуноҳу камбудиҳои ӯ пур мекунанд, гӯё бо аз кор рафтан ё ҷазо гирифтани ӯ масъала ҳал мешаваду дар мактабҳо таълим ба забони модарӣ барқарор мегардад.
Абдулло аз ҷайбаш чанд варақ бароварда ба ман дароз кард. Навиштаҳои маро ҳам хонед, фикре доред, илова кунед, – гуфт.
Навиштаҳои ӯ бисёр пухта, нишонрас, саршори иқтибосҳо аз сарқонуну дигар зерқонунҳои амалкунанда, аз ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ оиди ҳуқуқи башар буду дар назди ташкилотҳои муроҷиатшаванда чунон саволгузорӣ шуда буд, ки илоҷи ба он ҷавоби мусбӣ надодан набуд. Ӯро табрик намуда гуфтам, ки акнун роҳи ҳалли мушкилот кушода хоҳад шуд.
Ҳангоми гусел пурсидам, ки пиёда ҳастед? Не, мошинам дар сари роҳи калон, телефонам дар мошин гуфту табассуми маънидоре карду рафт.
Ӯ бо заковату хирадмандии ба худ хос ва бо ақли тадбирсоз дар атрофаш мардони ҷасуру якрӯ ва сарсупурдагони забони миллат, аз ҷумла, рӯзноманигори барӯманд Турдиқули Ҳасрат, омӯзгорони варзида Нарзуллои Муродулло, Иноят Ҷӯраева, Сайрам Раҳмонова, сухандони моҳир Саидмурод Ҳаев, ҳисобдори фозил Тоштемир Мерганов, табиби ҳозиқ Ҳазратқул Ашрапов ва чанде дигаронро гирд овард, барномаву тадбироти ин амалиётро дақиқона тарҳрезӣ кард ва назди ташкилотҳои дахлдори давлативу ҳукуматӣ талабҳои қатъӣ гузошта, ба аз нав кушодашавии дари синфҳои тоҷикӣ мушарраф гардид.
Ба пиндорам дари хотираҳо васеъ боз шуду барои навиштани он ба ибораи Саъдӣ «Як умри ҳазорсола бояд, То ман яке аз ҳазор гӯям».
Ҳамин қадар кифоя аст, таъкид кунам, ки Абдулло инсоне буд некному соҳиби умри дубора ва дар зиндагӣ ба мурод расида.
Он чӣ мақсуди одамизод аст,
Номи пок асту он дигар бод аст. 
     
Давлатбой МАҲМУДОВ,
 ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: