Дар заминаи таъмини раванди таълимии Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ марҳилаи ниҳоии Олимпиадаи VIII байналмилалӣ дар самти «Таълими ҳарбӣ-касбӣ» байни курсантҳои муассисаҳои таълимии олии ҳарбии кишварҳои узви ИДМ оғоз гардид.
Дар он 6 командаи Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон қувваозмоӣ мекунанд, ки ин маънои онро дорад, ки ин мусобиқа дар асоси мубоҳисаҳои оштинопазир ва тезу тунд мегузарад. Аввало, тартиби иҷрои шартҳои дастаҳо аз рӯи қуръакашӣ муайян карда шуд. Ба ҷуз аз дастаҳои асосӣ боз 3 дастаи мизбон имкони худро дар Олимпиада месанҷанд. Иштирокчиёни олимпиада дар давоми панҷ рӯз аз фанҳои «Таълими тиббӣ», «Дар таълим мушкил — дар ҷанг осон», «Ҳифзи кимиёвӣ», «Ориентиргирӣ», «Ҳуқуқи байналхалқии башардӯстона», «Силоҳсоз», «Дуэл», «Снайпер», «Биатлони армия», «Йӯлак» барин мусобиқаҳо донишу маҳорати худро месанҷанд.