ФИДОИИ КАСБИ ХУД

Дар ҳавлии бинои навбунёди прокуратураи вилояти Навоӣ одамони зиёд ҷамъ омада буданд.

Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ саргарми суҳбатанд. Маълум буд, ки ҷамъшудагон намояндагони созмонҳои гуногуни вилоят – собиқ кормандони прокуратура, раёсати корҳои дохилӣ ва муассисаву ташкилотҳои дигар ҳастанд. Ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид. Дар маҷлисгоҳ ҷойи холӣ набуд.


Прокурори вилоят Азамат Мирзоев: – Ман ин ҷо ба қарибӣ  барои кор омадам, – гуфт. – Ҳуҷҷатҳои ҳар кадоми шуморо омӯхтаам, то бо фаъолияти коркунони соҳа хуб ошноӣ пайдо кунам. Аз ҷумла ҳуҷҷатҳои Шавкат Ғаффоровро низ нуқсоне набуд. Тӯли беш аз 30 соли фаъолият дар соҳа боре ҳам огоҳӣ ва ё танбеҳ нагирифтааст. Дар соҳаи мо ин қабил кормандон кам андар кам дучор мегарданд.
Шавкат Ғаффоров чун ба аксарияти шумо ба ман ҳам ҳаққи устодӣ дорад. Ин ҷо бисёр чизҳоро аз ӯ омӯхтаам. 
Прокурори вилоят Ш. Ғаффоровро ба муносибати ба синни нафақа расиданаш самимона муборакбод намуда, ба ӯ саломатӣ, ободии рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно намуд. Ва аз номи кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба соҳибҷашн ҷома пӯшонид.
Риштаи суханро собиқ прокурори ноҳияҳои Навбаҳор, Нурато ва шаҳри Зарафшон, устоди Шавкат Ғаффоров, подполковники мустафъӣ Комил Ёриев ба даст гирифт. 
– Ман дар давоми фаъолияти кории худ чун Шавкат шахсеро, ки ба вазифаи хеш фидоӣ ва чунон дилдода бошад, кам вохӯрдаам. Ӯ сари вақт ба кор меомад ва соатҳои 23-24 ба хонааш бармегашт. Ҳар як супоришро зуд ва бекаму кост ба анҷом мерасонид. Аз Шавкат барин шогирди худ ифтихор дорам, – суханашро хулоса кард Комил Ёриев.
– Кор дар риштаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осон нест, – мегӯяд корманди соҳа, яке аз шогирдони Ш. Ғаффоров Илҳом Наврӯзов. – Дар кори мо вақти дақиқ нест. Рӯз бо шаҳрвандон кор мебарем, шаб ҳуҷҷат омода мекунем. Ин аз корманд иродаи мустаҳкам ва сабру тааммулро тақозо дорад. Ин ҳама дар устод Шавкат Ғаффоров ҳаст. Ӯ аз шогирдон ҳам инро талаб мекунад. 
Вай лаҳзаеро аз меҳмондории устодаш нақл кард. Рӯзе ба хонаи Шавкат аз деҳа ҳамсинфонаш меоянд. Ӯ онҳоро хуб пазироӣ мекунад, вале зуд-зуд ба соати дастиаш менигарад. Он ҷо омӯзгори соҳибтаҷриба, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Элмуроди Рӯзӣ низ буд. Вай ҳолати Шавкатро пай бурда, мегӯяд: – Шавкат, магарам вақти қабули меҳмон надорӣ, хона бар меҳмон мегузорӣ. 
– Бале, ман бояд ба кор равам. Шумо ба майли хотир шинед, фарзандон хидмат мекунанд. 
Меҳмонон то дер менишинанд. Шавкат соати 10-и шаб аз кор бармегардад. Ва бо як табассуми хос мегуяд: – Рафиқон, инак, имрӯз ба шарофати шумо ман аз кор барвақттар баргаштам. Акнун то субҳ дар хидмати шумо мешавам.
Оре, кори кормандони ҳифзи ҳуқуқ вақту фурсати муайян надорад.  Бисёр мешавад, ки онҳо то субҳ дар коргоҳ мемонанд. Ин ҳолатро дар кино бисёр тамошо кардаем.
Шавкат Ғаффоров зодаи деҳаи Эҷи кӯҳистони Нурато мебошад. Падараш омӯзгор ва модараш хонанишин буданд. Шавкат аз меҳри падар сер нашуд. Дар кӯдакӣ аз падар маҳрум шуд. Падараш Қурбонбой Ғаффоров дар айни ҷавонӣ даргузашт. 
Дар хонаи падарандар ба воя расид. Аз ҳамсолон камӣ надошт. Мактаби ҳамагонии рақами 43-ро бо одоби намунавию дониши аъло хатм намуда, пас аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  таҳсил намуд. Соли 1991 бо диплом ба зодгоҳ баргашт. Тамоми фаъолияти худро дар соҳаи прокуратура гузаронид. Корро чун муфаттиш дар прокуратураи ноҳияи Нурато оғоз намуд. Аз моҳи январи соли 1994 то моҳи январи соли 1997 дар прокуратураи шаҳри Зарафшон фаъолият намуд. Дар ин ҷо нозукиҳои пешаро аз прокурор Комил Ёриеви бухороӣ хуб омӯхт. Ба таъбире дар кӯрагоҳи талабу дархостҳои устод обутоб ёфт. 
Аз соли 1997 то соли 2016 дар прокуратураи вилояти Навоӣ кор кард. Ин ҷо ӯ роҳбари шуъбаҳои гуногуни прокуратураи вилоят буд. Борҳо ӯро ба вазифаи прокурори ноҳия пешбарӣ намудаанд, вале ин пешниҳод ҳамеша аз марказ рад мегардид...
Оқибат соли 2016 Ғаффоровро ба вазифаи прокурори ноҳияи Кармана таъин карданд. Дар ин вазифа то 4 феврали соли 2019 кор кард. Фаъолияти босамари ӯро ба инобат гирифта, 4 феврали ҳамон сол ба вазифаи нав гузарониданд, прокурори махсуси назди Комбинати маъданҳои кӯҳии Навоӣ таъин намуданд. Дар ин вазифа панҷ сол фаъолият дошт. Прокуророн одатан дар як вазифа панҷ сол кор мекунанд. Пас фаъолияти панҷсолаи онҳо ҷамъбаст карда мешавад. Кори Шавкат Ғаффоров хуб арзёбӣ гардид. Ба вазифаи нав пешниҳод карданд, вале ӯ нафақаро интихоб намуд. 
Шавкат шахсест ҳалиму хоксор. Бо хурду калон як хел муносибат мекунад. Оилаи намунавӣ дорад. Бо ҳамсараш ду писару ду духтарро ба воя расонидаанд. Фарзандон маълумоти олӣ доранд. Бунафша факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгории Навоиро хатм карда бошад, Донагул дар Донишгоҳи дорусозии Тошканд таҳсил намудааст. Меҳрангез Донишгоҳи ҳуқуқи Тошканд ва Нурангез Донишгоҳи забонҳои ҷаҳони Тошкандро хатм намудаанд. Ҳар кадом тибқи ихтисоси худ фаъолият дошта, дар бунёди Ӯзбекистони Нав саҳм мегиранд.
Воқеан Ш. Ғаффоров ба адабиёт шавқи беандоза дорад. Аз осори Лоиқ байтҳои зиёд аз ёд медонад. Пайваста китоб мехонад. Ҷевони китоб низ дорад, ки аз осори адибони тоҷик ва ҷаҳон пур аст. 
– Чанде қабл китоби хотираҳои Рафиқ Нишонов «Дарахтон то бӯрон сарсабзанд»-ро хондам. Ҳоло романи «Фирдавсӣ»-и устод Сотим Улуғзодаро мутолиа мекунам. Дар бознишастагӣ барои китобхонӣ вақти зиёд дорам, – мегӯяд қаҳрамони мо. Воқеан, ӯ мухлиси доимии рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Ховар» ва маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» мебошад. Рӯзномаҳову маҷалларо мунтазам мутолиа мекунад. Боиси таъкид аст, ки соли равон бо ташаббуси Шавкат Комбинати маъданҳои кӯҳии Навоӣ ба панҷ нусхаи солонаи «Овози тоҷик» ва шахсан қаҳрамони мо ба як нусхаи солонаи рӯзномаву маҷаллаи номбурда обуна шудааст.
Заҳматҳои дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ кашидаи Ш. Ғаффоров аз ҷониби давлат ва ташкилоти болоии ҳифзи ҳуқуқ қадршиносӣ гардидаанд. 29 августи соли 2020 Прокуратураи генералии Ӯзбекистон Ш. Ғаффоровро бо рутбаи мушовири калони адлия – полковник қадршиносӣ карда буд. Ғаффоров бо фармони Президент аз 8 декабри соли 2022 бо нишони ифтихории «Ӯзбекистон Конститутсиясининг 30 йиллиги» сарфароз гардид.

Дилмурод ҚӮЗИЕВ, 
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, 
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.
Фирдавс РАҲМОНОВ.          
  
Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: