КИТОБХОНА ҲАМ ИБОДАТГОҲ АСТ

Дар Шарқ коғазу китобро эъзоз менамоянд

16-17-уми майи соли равон дар шаҳри Ҷиззах Анҷумани XVII-и байналмиллии «Central Asia – 2024: Захираҳои ахбору китобхона дар фан, таълим, фарҳанг ва тиҷорат» баргузор гардид. Дар он аз ёздаҳ кишвар беш аз чиҳил нафар масъулини китобхонаҳои бонуфуз ва чаҳорсад нафар ходимон аз ҷумҳуриамон ширкат варзиданд.

 


Ин анҷуман аз соли 1999 инҷониб баргузор мешавад ва дар кори он сарварону муовинони китобхонаҳои давлативу  миллии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он бевосита ва ё ба тарзи фосилавӣ иштирок менамоянд.
Анҷуман бо ибтикори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди маъмурияти Президенти Ӯзбекистон, ҳокимияти вилояти Ҷиззах  ва дигар вазорату идораҳо дар Кохи анҷуманҳои назди бинои ҳокимияти вилоят рӯйи кор омад. Директори агентӣ Асад Хоҷаев ба ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшид. Муовини ҳокими вилояти Ҷиззах Акмал Савурбоев номаи табрикии ҳокими вилоят Эргаш Солиевро ба иштирокчиён қироат намуд.
Сардиректори Китобхонаи давлатии Русия Вадим Дуда,  директори Китобхонаи миллии Арманистон Анна Чулян, сардиректори Китобхонаи миллии Белорус Вадим Гигин, директори Китобхонаи миллии Қазоқистон Бақитҷон Оспанова дар бораи аҳамияти анҷуман, қадру манзалати  китобу китобхона дар роҳи пешрафти ҷомеа, тараққиёти соҳаҳо сухан ба миён оварданд.
Сипас директори Китобхонаи фундаменталии Донишгоҳи давлатии Беларус Владимир Кулажников, менеҷери дирексияи Китобхонаи миллии Туркия Меҳмад Демир, директори Китобхонаи миллии ба номи Алишери Навоии Ӯзбекистон Умеда Тешабоева, раиси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав Екатерина Кудрина, ҷонишини директор оид ба фаъолияти фан ва таълими Китобхонаи давлатии бачагонаи Русия Олга Мезенсева, ҷонишини сардиректори Китобхонаи давлатии адабиётҳои хориҷӣ ва оид ба давлатҳои Осиёи ба номи Рудомино Мария Белоколенко, муовини директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индра Гандии назди Академияи улуми Тоҷикистон Ёдгорбек Бердизода ва дигарон дар мавзӯъҳои гуногун тақдимот гузарониданд.
Ин гуфтаҳои нотиқи белорусӣ ба аҳли толор хеле писанд омаданд. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт: Дар Шарқ коғазу китобро аз қадим эъзоз менамоянд. Зеро китобҳои муқаддас, аз ҷумла Қуръони Маҷид дар коғаз китобат шудааст.
Олга Мезенсева ва Мария Белоколенко дар тақдимоти хеш таъкидан гуфтанд, ки мутолиаи мунтазами китоб одамро ба қуллаи мақсуд мерасонад. Мо барои бачаҳо озмунҳои гуногун созмон додаем ва дар он наврасон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ширкат ҷуста, ҷойҳои сазоворро гирифтаанд. 
Барои тарғиби асарҳои нависандаи маъруфи авар  Расул Ғамзатов таҳти унвони  «Ман ҳаётро дӯст медорам» маҳфилҳо гузаронидем.
Умеда Тешабоева бошад ҳозиринро бо  «Харитаи роҳ» ва  Стратегияи Ӯзбекистони Нав ошно сохт. Мувофиқи он дар назар аст, ки то дурдасттарин маҳалҳо китобхонаҳои худӣ дошта бошанд, маданияти мутолиа баланд бардошта шавад, дар кори китобхонаҳо аз технологияҳо босамар истифода баранд.
Меҳмон аз Тоҷикистони бародарӣ Ёдгорбек Бердизода дар маърӯзаи хеш аз фаъолияти академики рус Андреев, ки зодаи Тошканд асту дар китобхонаи шахсиаш манбаъҳои муътамад оид ба Самарқанду Тошканд зиёданд ва онҳо ҳамчун бозёфтҳои таърихӣ  дорои аҳамияти баланд мебошанд, ҳикоя кард.
Рӯзи дуюм иштирокдорон ба нӯҳ гурӯҳ тақсим шуда, дарсҳои амалӣ гузарониданд. Таҷрибаивазкунӣ дар толори Донишкадаи Sambhram ва Захираи ахбору китобхонаи вилоятӣ сурат гирифт.
Сипас меҳмонон манзараҳои дилфиребу зебои шаҳри Ҷиззахро тамошо карданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: