Ҳокими вилояти Фарғона, роҳбари сектори ҳарбию маъмурӣ Хайрулло Бозоров аз тамрингоҳи қисми низомии неруҳои Округи ҳарбии Шарқӣ боздид намуда, бо шароити барои посбонони Ватан фароҳам овардашуда, корҳои ободонӣ шинос шуд.
Бо ҷавононе, ки дар ҷамоати таълими ҳарбии «Мактаби мардонагӣ» иштирок карданд, суҳбат орост.
Дар асоси супоришҳои дар ҷаласаи васеи Шӯрои амният, ки 12 январи соли ҷорӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, дар вилоят тадбирҳои мушаххас таҳия гардиданд. Аз ҷумла, ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва шавқу рағбати онҳо ба хидмати ҳарбӣ, касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ тавассути ташкили пурмазмуни вақти холии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят, Округи ҳарбии Шарқӣ, раёсати корҳои дохилии вилоят, раёсати Агентии кор бо ҷавонони вилоят якҷоя бо ҷавононе, ки дар ҳудуди вилоят ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо содир намудаанд ва ба ҷинояткорӣ майл доранд, дар ҳисоби профилактикаи шуъбаҳои корҳои дохилӣ меистанд, дар машқгоҳи саҳроии Фарғона тараддуди машқии «Артиш мактаби ватандӯстиву мардонагӣ аст» барпо гардид.
100 нафар чавонони ба сектори якуми вилоят вобасташуда ба лагери ҳарбии «Мактаби мардонагӣ» ҷалб карда шуданд.
Тӯли даҳ рӯз дар асоси барномаи ҷамъомад, ки ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пайдо кардани мавқеи худ дар зиндагӣ, касбомӯзӣ, таъмини шуғли онҳо, ташаккул додани ҳисси садоқат ба ояндаи Ватан равона шудааст, асосан семинарҳо, чорабиниҳои омодагии ҷангӣ ва ҳарбӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва як қатор машғулиятҳои дигар бо иштироки ҷавонон гузаронида шуданд.
Дар рӯзи охирини тамрингоҳи низомии «Мактаби шуҷоат» низ вохӯрии раҳбари сектори ҳарбӣ-маъмурӣ ва ҷавонон баргузор гардид.
Ба ҷавонон гуфта шуд, ки барои ватандӯст будан, пеш аз ҳама, бояд соҳиби маълумот ва касб гардид.
Таъкид гардид, ки замони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар кишварҳои пешрафта ҳамчун мутахассиси баркамол дар соҳаи худ кор кардан фаро расидааст ва барои ин ҳама чораҳо андешида шудаанд.
Дар навбати аввал ба ҷавонон гуфта шуд, ки ният бояд беғаразона бошад ва барои расидан ба ҳадаф бояд омӯхт ва роҳи дурустро ҷустуҷӯ кард.
Ҷавонон дар асоси таваҷҷуҳи худ ба ҳокими вилоят ва фармондеҳи неруҳои Округи ҳарбии Шарқӣ саволҳо дода, тавсияву фаҳмишҳои зарурӣ гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба як гурӯҳ ҷавононе, ки дар ҷамъомади ҳарбии «Мактаби мардонагӣ» фаъолона иштирок доштанд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
М.СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.