ДАР САМАРҚАНД КОРХОНАИ НАВ КУШОДА ШУД
Шумораи корхонаҳои истеҳсолии вилояти Самарқанд боз якто афзуд. Дар ҳудуди МОИ-и «Ургут», ки дар ноҳияи Ҷомбой воқеъ аст, заводи CCI бунёд гардид.
Дар маросими кушодашавии корхона вазири инвеститсия, саноат ва савдо Л.Қудратов, ҳокими вилоят Э.Турдимов, раиси раёсати ширкати «Coca-Cola», сардиректори иҷроия Ҷеймс Куинси, раиси раёсати ширкати «Anadolu Group» Тунҷай Озилхон ва дигарон иштирок карданд.
– Мо ба Ӯзбекистон сармоя ворид карда, нахуст дар Тошканд, баъдан дар Урганҷ ва Намангон корхонаҳои истеҳсолии худро кушодем, – гуфт Ҷеймс Куинси. – Ҳамкории сисолаи мо имрӯз густариш меёбад, ки аз ин хурсандем.
Арзиши умумии лоиҳаи корхона, ки дар муддати даҳ моҳ дар 18,5 гектар майдон бунёд гардид, 112 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. 100 миллион доллари ин маблағ хориҷӣ мебошад. Дар корхона, ки иқтидори дар як сол истеҳсоли 280 миллион литр нӯшокиро дорад, 200 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Иштирокдорони тадбир бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи нав шинос шуданд.
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ
ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд бахшида ба корҳое, ки бобати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонони номуттаҳиди вилоят ва натиҷаҳои он амалӣ мегарданд, ҷамъомади васеъ гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад, ки дар робита ба ноҳияву шаҳрҳо дар шакли видеоселектор баргузор шуд, роҳбарони секторҳои вилоят, масъулони ҳокимиятҳо, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ иштирок карданд.
Зикр гашт, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ дар вилоят ҷавонон 308 ҷиноят содир кардаанд. Ин нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта 28 бор зиёд аст.
Ҷиноятҳои ноболиғон дар шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Ургут ва Каттақӯрғон афзудаанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.
ДАҲРӮЗАИ МУҲИМИ
КИРМАКПАРВАРОН
Яке аз бахшҳои хеле муҳими хоҷагидории кишвар парвариши кирмҳои пилла аст, ки имрӯзҳо дар аксарияти минтақаҳои Ӯзбекистон ба роҳ монда шуда ва як соҳаи сердаромад маҳсуб мешавад.
Аз ҷумла дар шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё ба ривоҷи ин соҳа эътибори ҷиддӣ дода дода мешавад. Ба ҷуз аз хоҷагиҳои фермерӣ оилаҳои хоҳишманд низ ҷалб мегарданд. Кирмакпарварони ноҳияи Шаҳрисабз имрӯзҳо дар арафаи ҷамъоварии ҳосили заҳмати қариб якмоҳаи худ ҳастанд ва ба он аз ҳар ҷиҳат омодагӣ мегиранд. Махсусан, мутахассисони соҳа ба хонаҳои кирмакпарварон зуд-зуд сар халондаву маслиҳатҳои муфид медиҳанд, зеро даҳаи охирини парвариши кирмҳои абрешим дар соҳаи кирмакпарварӣ муҳим арзёбӣ мешаванд. Як амали ноҷо ба талафи ҳосили меҳнати кирмакпарвар боис хоҳад шуд.
Имсол кирмакпарварони ноҳия нақша доранд, ки 365 тонна пилларо ба хазинаи Ватан супоранд. Нархи як килои он аз ҷониби коргоҳҳои қабул 40 ҳазор сӯм муайян гаштааст. Ба парвариши кирмак ҷалб гардидани оилаҳои хоҳишманд яке аз чораҳои муфиди таъмин намудани даромади оилавии аҳолӣ ба шумор меравад, ки секторҳои дахлдори ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо ба ин амал эътибори махсус медиҳанд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.
ДАР ПАРКЕНТ СОХТМОНИ
«IT-ШАҲРАК» ОҒОЗ ЁФТ
15 майи соли ҷорӣ қарори Президент «Дар бораи ташкил кардани фаъолияти «IT-шаҳрак», ки ба фароҳам овардани шароити иловагӣ ба ҷавонон ҷиҳати омӯзиши технологияҳои рақамӣ ва забонҳои хориҷӣ нигаронида шудааст» қабул шуда буд.
Бо ин мақсад дар деҳаи Самсараки ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд ба муаррифии лоиҳаи «Villayat Samsarak: CREATIVE ECO IT VILLAGE» инчунин, сохтмони «IT-шаҳрак», ки дар ин маҳал ба нақша гирифта шудааст, оғоз ёфт.
Эко-деҳаи «Villayat Samsarak» лоиҳаи таҷрибавии гурӯҳи ширкатҳои «Villayat» буда, дар доираи иқтисодиёти сабз ва созанда фаъолият намуда, лоиҳаҳои рушди иқтидори сайёҳии вилояти Тошканд ва беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодиро амалӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки «IT-шаҳрак» ба ҷавонон барои дарёфти касбу кори худ, рушд ва саҳм гузоштан ба ҷомеа ба воситаи дар ҳамоҳангӣ зистан бо муҳити зист ва рушди минбаъдаи ин соҳа макони нотакрор пешбинӣ шудааст.
Н. РАҲМОНОВА,
мухбири ӮзА.