ДАР СИРДАРЁ АВВАЛИН ТЕХНИКУМИ ТИББИИ ХУСУСӢ БА КОР САР КАРД

Дар шаҳри Гулистон нахустин техникуми тиббии хусусӣ, ки дар самти нигаҳдории тандурустӣ сабақ меомӯзонад, фаъолияти худро оғоз намуд.

 Ҳоло дар ин муассиса 150 нафар донишҷӯён дар равияҳои ҳамшира ва фелдшерӣ таҳсили илм мекунанд, ки дар ояндаи наздик боз ба 80 нафар зиёд шудани шумораи онҳо пешбинӣ шудааст.
Муддати хониш дар таълимгоҳ 2 ва 3 сол буда,  ба хатмкунандагон баробари диплом 3-то сертификат оиди саводхонии компутер, логапед ва масҳгари бачагон супурда мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: