ДУЮМИН ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЧОЙ БАРГУЗОР ГАРДИД

19-уми декабри соли 2019 Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид таърихи тӯлонӣ ва аҳамияти фарҳангиву иқтисодии чойро дар миқёси ҷаҳон ба эътибор гирифта, 21 уми майро Рӯзи ҷаҳонии чой эълон кард.

 Рӯзи ҷаҳонии чой дар соли 2024 таҳти шиори «Меҳрубонӣ ба бонувон дар миқёси ҷаҳон: аз кишти чой то ба пиёла рехтани он» гузаронида мешавад.


Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд низ ба муносибати рӯзи мазкур дуюмин фестивали байналхалқии чойро баргузор намуд.
Фестивал, ки бо мақсади рушд ва оммавигардонии маданияти чойнӯшӣ дар Ӯзбекистон, тарғиби чойи асили Ӯзбекистон дар қаламрави кишвар ва мамлакатҳои ҷаҳон, намоиши маданияти чой ва чойнӯшӣ дар тамоми ҷаҳон ташкил гардид, таҳти шиори «Бо ДБТС чой нӯшеду лаззат баред» гузаронида шуд.


Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: