Ба наздикӣ Президенти мамлакат бо корҳое, ки аз ҷониби Маркази лоиҳасозии Вазорати нигаҳдории тандурустӣ амалӣ мешаванд, ҳамчунин бо тақдимоти пешниҳодҳои нав шинос гардида, таъкид намуд, ки дар ҷомае тарзи солими ҳаётро вусъат додан ва ба ин васила пешгирӣ намудани бемориҳо хеле муҳим мебошад.
Воқеан, саломатии инсон сарвати бебаҳост. Бо дарназардошти ин бояд қайд кард, ки дар кишварамон солҳои охир барои ислоҳсозии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ чораҳое татбиқ мегарданд, ки ба самтҳои аниқ нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, тӯли ҳафт соли охир ҳаҷми маблағҳое, ки барои низоми нигаҳдории тандурустӣ ҷудо карда мешаванд, аз 5,9 триллион ба 33,5 триллин сӯм, яъне 6 баробар афзуд.
Дар давраи кутоҳи сипаришуда таъминот бо асбобу ускунаҳои замонавӣ ва технологияҳои олӣ аз зинаи поёнии тиббӣ то зинаҳои баландтарини он беҳтар шуд, марказҳои махсусонидашудаи тиббии ҷумҳуриявӣ зуҳур карданд. Ин маънои онро дорад, ки доираи хидматрасонӣ вусъат пайдо кард, кори муттасили муассисаҳои дараҷаашон гуногуни тиббӣ ба роҳ монда шуд.
Бобати ба халқ қаринтар кардани хидматҳои тиббӣ шабакаи муассисаҳои низоми ягонаи тиббӣ васеъ шуданд, дар онҳо чорабиниҳои скринингӣ, низоми мувофиқи мақсади патронажӣ, тартиби «Поликлиникаи электронӣ» ҷорӣ гардиданд. Бахшҳои ҳудудии муассисаҳои махсуси илмиву амалии тиббии ҷумҳуриявӣ, ки кӯмакҳои баландтехнологии тиббӣ расонида метавонанд ташкил шуданд, тиббиёти телевизионӣ ба роҳ гузошта шуд.
Бешубҳа, ҳамаи инҳо барои ҳифзи сиҳҳати аҳолӣ, мустаҳкам кардани саломатии модарону кӯдакон аҳамияти муҳим доранд.
Ба ин маънӣ, ҳар як пешниҳоди наве, ки дар тақдимот изҳор гардид, дар пояи амиқ омӯхтани мушкилоти низоми нигаҳдории тандурустӣ, зинаи аввалини тиббиёт ва низоми ёрдами тиббӣ ба шаҳрвандон буд ва ба ҳаллу фасли масъалаҳое, ки кормандони соҳаро ба ташвиш меоваранд, бартараф сохтани камбудиҳое, ки бобати ҷорӣ намудани низоми суғуртаи давлатии тиббӣ ба миён омадаанд, беҳтар намудани бо воситаҳои давоӣ таъмин сохтани шаҳрвандон ва муассисаҳои тиббӣ нигаронида шуданд, ки хеле муҳим мебошад.
Бояд гуфт, ки барои коркарди пешниҳодоти мазкур коршиносони хориҷӣ ҷалб карда шуданд, истифода аз таҷрибаи онҳо ба тиббиёти миллии мо имкон медиҳад, ки ба меъёрҳои низоми байналхалқӣ мувофиқ карда шавад. Аз ҷумла, вазифаҳои шифокор ва ҳамшираҳое, ки дар зинаи ибтидоӣ фаъолият доранд, аз нав тақсим карда шуданд, то охири сол барои 7 навъи касалӣ ва ҳолате, ки бисёр дучор мешаванд маҷмӯи кафолатнок, инчунин 300 адад ҳуҷҷатҳои клиникӣ аз нав таҷдиди назар шуданд.
Нагуфта намонад, ки соли равон дар шаҳри Тошканд бинобар рақамикунонии соҳа бояд низоми нав ҷорӣ гардад, аз ҷумла тамоми муассисаҳои тиббии шаҳр бо компутер ва воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз карда шаванд, тартиботи «Поликлиникаи электронӣ» ва «Шифохонаи электронӣ» офарида, механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ дар пояи низоми хидматрасонии ройгони тиббии барои аҳолӣ кафолатнок пурра роҳандозӣ шаванд, ки ба истифодаи самарабахши маблағҳои барои соҳа ҷудокардашуда имконият медиҳад.
Муҳимаш, ин ҳама аз ҳисоби андозҳои умумӣ амалӣ гардида, аз миҷозон аъзобадалҳои иловагӣ ситонда намешаванд.
Дар «колл-марказ»-ҳои ёрии таъҷилӣ маслиҳати шифокор ба роҳ монда мешавад, гурӯҳҳои парамедик ва педиатрик ташкил карда хоҳанд шуд.
Ба ҳаёт татбиқ кардани таклифҳои мазкур ҳаракати беморонро дар поликлиникаҳо мураттаб мекунад, вақти навбатпоиро ба шифокор ихтисор менамояд. Бемороне, ки ба давогирии статсионарӣ эҳтиёҷ доранд, метавонанд дар шифохона сари вақт даво гиранд, хариду фурӯши воситаҳои давоӣ ба тартиб андохта мешаванд, муҳлати ёрии тиббӣ таъҷилии тиббӣ коҳиш меёбад, ба бемороне, ки ба кумаки таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷи зиёд доранд, ёрии оҷили тиббӣ расонида мешавад ва дар натиҷаи ин ҳаёташон ҳифз мегардад, пеши оқибатҳои вазнини касалӣ гирифта мешавад.
Хулоса, ба аҳолӣ беш аз пеш қарин кардани муассисаҳои тиббӣ, бо хидматҳои босифати тиббӣ фаро гирифтани тамоми табақаҳои аҳолӣ таъмин карда мешавад ва барои аз хидматҳои тиббӣ истифода бурдани шаҳрвандон замина фароҳам оварда мешавад. Аз ҳама муҳимаш, ҳар кадоми мо, пеш аз ҳама, бояд дар навбати аввал саломатии худро эҳсос намоем, масъулияти худро бинобар сиҳҳати худ ҳаргиз аз хотир набарорем.
Зумрад БЕКАТОВА, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.