МУАРРИФИИ ИҚТИДОРИ ФАРҲАНГӢ ВА САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН

Сафорати кишвари мо дар Пекин бахшида ба иқтидори фарҳангӣ ва сайёҳии Ӯзбекистон тақдимот баргузор кард.

Муаррифӣ дар доираи татбиқи Эъломияи муштараки сарони ду давлат, ки 18 майи соли 2023 дар шаҳри Сиан ба имзо расидаааст, барномаи фарогири рушди шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Чин барои солҳои 2023-2027 ва созишномаҳое, ки дар рафти сафари сарвари давлатамон ба Хитой ба даст омадаанд, ташкил карда шудааст. 
Дар чорабинӣ ширкатҳои бунуфузи сайёҳии Чин, арбобони фарҳанг, сайёҳӣ ва санъат, намояндагони ВАО ва блогерҳои шинохта иштирок карданд.  
Меҳмонон иттилоъ доданд, ки айни замон ба шаҳрвандони 91 кишвари хориҷӣ ҳуқуқи ворид шудан ба Ӯзбекистон бидуни раводид дода шудааст ва шаҳрвандони 57 давлат ба тариқи портали e-visa.gov.uz имкони гирифтани раводиди электронӣ барои ворид шудан ба кишвари моро доранд. Ҳамчунин зикр гардид, ки шаҳрвандони 48 кишвари ҷаҳон метавонанд ба муҳлати то панҷ рӯз бидуни раводид ба Ӯзбекистон ворид шаванд. 
Таъкид гардид, ки аз 1 марти соли 2021 барои шаҳрвандони Чин дар Ӯзбекистон ба муҳлати то 10 рӯз тартиби бидуни раводид ҷорӣ шуда, шаҳрвандони аз 55-сола боло, ки бо мақсади сайёҳӣ омадаанд, ҳуқуқи буду бош дар  кишвари мо бидуни раводид ба мӯҳлати 30 рӯз, шаҳрвандони то 16-сола ба мӯҳлати на бештар аз 90 рӯз доранд.
Ба иштирокчиён раванди тайёр кардани таоми миллии ӯзбек – палав намоиш дода шуд. Барномаи фарҳангӣ низ намоиш дода шуд. Ба намояндагони Чин маҷаллаи махсус бахшида ба ёдгорихои буддоии Ӯзбекистон супурда шуд.
Менеҷери шуъбаи кадрҳои ширкати «Shaanxi Baiyuan Shengong» Чжан Минсзюан:
— Имрӯз мо дар муаррифии иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон ширкат варзидем. 
Дар рафти чорабинӣ мо бо имкониятҳои нави сайёҳии кишвари шумо ва ислоҳоти дар ин самт татбиқшаванда шинос шудем. 
Мо медонем, ки ҳамкориҳои Чину Ӯзбекистон имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолона инкишоф меёбанд. Фарҳанг, анъана, таърих ва имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон ба мо имкон медиҳад, ки муносибатҳоямонро дар соҳаи сайёҳӣ боз ҳам таҳким бахшем.
Директори ширкати сайёҳии «Meiya Silk Road Travel» Сон Ливэй:
— Ширкати мо бо Ӯзбекистон ҳамкории зич дорад. Мо мебинем, ки таваҷҷуҳи сайёҳони чинӣ ба шиносоӣ бо фарҳанги ғанӣ ва рушди муосири кишвари шумо меафзояд. 
Дар рафти чорабинии имрӯза дар сафорат ман маълумоти зиёде дар бораи тағйирот дар соҳаи сайёҳӣ гирифтам. Ман борҳо дар Ӯзбекистон будам. Маданият ва меъмории он ҷо зебо буда, мардумаш меҳрубону меҳмоннавозанд. Дар Ӯзбекистон барои сайёҳии зиёратӣ имкониятҳо мавҷуданд. Ёдгориҳои қадимаи буддоӣ дар мамлакати шумо эътибори сайёҳони Чинро ба худ ҷалб мекунанд. 
Маҷаллаи махсусе, ки бо ташаббуси сафорати Ӯзбекистон ба имкониятҳои буддизм дар Ӯзбекистон бахшида шудааст, имрӯз дар байни иштирокчиён таваҷҷуҳи зиёд пайдо кард. 
Ширкати мо аз он хеле мамнун аст, ки дар рушди сайёҳӣ дар Ӯзбекистон ва афзоиши гардиши сайёҳони чинӣ ба кишвари шумо саҳм мегузорад.
Донишҷӯйи Малайзия Мэй Тео:
— Хеле шодам, ки дӯстонам аз Ӯзбекистон маро ба сафоратхонаи мамлакати шумо барои иштирок дар чорабинии бахшида ба имкониятҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ даъват карданд. 
Бо дӯстоне, ки аз Ӯзбекистон дар Чин таҳсил мекунанд, дар бораи фарҳанг, таомҳои миллӣ, либос ва урфу одатҳои мардуми ӯзбек зуд-зуд суҳбат кардем. 
Таваҷҷуҳи ман ба Ӯзбекистон беш аз пеш меафзояд. Ба ман оши палав ва мусиқии ӯзбекӣ хеле писанд омад. Ман ҳатман ба Ӯзбекистон меравам, мехоҳам ҷавонони Малайзияро бо имкониятҳои фарҳангӣ ва сайёҳии кишвари шумо шинос кунам.
Намояндаи Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё Ин Чжан:
— Ман аз иштирок кардан дар ин чорабинӣ хеле фахр мекунам. Аз иқтидори ғании таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии кишвари шумо мутаассир шудам. 
Муносибатҳои байни кишварҳои мо таърихи тӯлонӣ доранд ва аз замони Роҳи абрешими бостон идома доранд. Ният дорам, ки дар оянда ба Ӯзбекистон сафар карда, ёдгориҳои таърихию фарҳангии он ҷо, иқтидори бузурги сайёҳии кишвари шуморо бубинам.

АИ «Дунё»,
ПЕКИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: