ПУЛИ НАВИ ҲАВОИИ БОРКАШ КУШОДА МЕШАВАД

Дар охири моҳи июн – аввали моҳи июл дар назар аст, ки нахустин парвози боркаш миёни Ӯзбекистон ва Латвия оғоз шавад.

Бино ба иттилои сафорати Ӯзбекистон дар Рига, дар доираи афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафари ҳайати ширкати ҳавопаймоии ватании «Fly Khiva» бо роҳбарии директори генералӣ Дилшод Хоҷаев ба Латвия ташкил карда шуд.
Ҳайат дар вазорату идораҳои дахлдори Латвия, инчунин бо роҳбарияти Раёсати ҳамлу нақли байналмилалии бор дар фурудгоҳи Рига мулоқотҳо доир намуда, дар рафти он ҷониби Латвия ба роҳандозии робитаҳои боркашонӣ байни кишварҳо изҳори ҳавасмандӣ намуд. 
Кори муштарак оид ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамлу нақли байналмилалии боркаш дар масири Ӯзбекистон-Латвия бо тавсеаи минбаъда ба дигар шаҳрҳои бузурги Балтика оғоз шуд. 
Даҳлези нави ҳавоӣ ҳангоми аз Ӯзбекистон ба Латвия ва дигар кишварҳо содир намудани меваву сабзавот, маҳсулоти бофандагӣ ва дигар фаъол истифода мешавад. 

АИ «Дунё»,
РИГА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: