Хотира муқаддас ва азиз аст.
Чуноне ки Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев таъкид кардааст: «Хотираи дурахшони ниёгонамонро дар қалби худ абадӣ нигоҳ медорем. Мо аз устодону мураббиён, ҳамзамонони худ, ки фидокорию мардонагӣ нишон дода, умри худро барои ободии Ватани азизамон бахшидаанд, ифтихори беандоза дорем».
Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд тақдимоти китоби сеҷилдаи «Асарҳои интихобшуда»-и академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон Ботурхон Валихӯҷаев баргузор гардид. Дар тадбир устодони донишгоҳ, аҳли қалам, аъзои оилаи Валихӯҷаев, донишҷӯён, инчунин намояндагони васоити ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ Рустам Холмуродов оиди хидматҳои пурарзиши Ботурхон Валихӯҷаев дар соҳаи таълим сухан ронд.
– Дар ҷилди аввали «Асарҳои интихобшуда»-и Б. Валихӯҷаев – «Симоҳои бузург» тадқиқотҳои ӯ ҷамъоварӣ шудааст. Ҷилди дувум оиди хидматҳои бузурги намояндагони шеъри ӯзбек Алишер Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар ташаккули фарҳангу маънавияти халқ, мерос ва нуктаҳои пурмазмуни фаъолияти онҳо маълумот медиҳад, – қайд кард ҷонишини раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Ғайрат Маҷид.
– Дар ҷилди севум ду тадқиқоти арзишманди ӯ бо унвони «Аз таърихи тараққиёти назми эпикӣ» ва «Таърихи адабиётшиносии ӯзбек» ҷой гирифта, сарчашмаҳои пайдоиш ва инкишофи назми эпикии ӯзбек, робитаи он бо адабиёти халқҳои турк, форс-тоҷик, ҳинду араб, эҷодиёти шифоҳии халқ, марҳилаи инкишоф ва дигар мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Бояд, таъкид кард, ки Б. Валихӯҷаев дар давоми ҳаёти худ қариб 50 рисолаи илмӣ ва зиёда аз 500 мақолаи илмиву ва оммавӣ таълиф намудааст.
– Ҳар сол дӯстону наздикони шавҳарам ба хона меоянд. Ман аз ин шодам. Зеро, беҳуда нагуфтаанд, ки «хотира муқаддас аст», – гуфт ҳамсари Б.Валихӯҷаев – Хадича Вафоева.
Асалмоҳ САРХАТЗОДА.
САМАРҚАНД.