Умеда Саъдуллоева толибаи мактаби миёнаи рақами 17-уми шаҳри Бухорост. Вай самборо дӯст медорад ва вақти холӣ бо он машғул мешавад.
Ӯ дар як қатор қувваозмоиҳои вилоятию ҷумҳурӣ иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст. Умеда ба қарибӣ дар шаҳри Оқтауи Қазоқистон дар мусобиқаҳои Осиё-Океания иштирок намуда, соҳиби медали нуқра гардид. Ин комёбӣ ба Умеда имконият медиҳад, ки дар Ҷоми ҷаҳон дар Кипр иштирок кунад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.