Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст.
Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин хусус шоир гуфтааст:
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд...
Маро ба касби муаллимӣ устоди меҳрубонам Шаҳриддин Тилабов ҳидоят намудааст. Ӯ зодаи деҳаи Полвонаки ноҳияи Бӯстонлиқ мебошад. Даставвал сабақи забон ва адабиёти тоҷикро аз Шоҳрух Тоҷибоев гирифтаам.
Ҳар ду устоди ман ҳоло дар мактаби таълими миёнаи умумии рақами 47-уми ноҳияи Бӯстонлиқ кор бурда истодаанд. Аз қадим бузургони илму адаб ба муаллим эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои муаллим шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд.
Муаллими аввалин, чи тавре ки аз номаш бармеояд, онест, ки ба кас хату савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Муаллими аввалини ман падар аст. Ҳар чизеро, ки то даврони мактабхонӣ медидам, аз ӯ мепурсидам. Падар бо суханҳои ширину латиф ҳар як ашёи оламро ба мани кунҷкоб ошно месохт. Муаллими дигар ин худ зиндагист, ки касро ба баду неки ҷаҳони фонӣ ошно месозад. Аммо хидмати омӯзгор дар ин самт бештар аст, зеро маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури шахсро бо тозагулҳои муаттари маърифат зиннат медиҳад.
Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тарбияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаанд, аммо мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштаанд.
Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.
Сиёвуш ҲИКМАТУЛЛОЕВ,
донишҷӯйи курси 1-уми ДДОЧ.