Бонги занги охирин оҳиста шав,
Бо садои зиндагӣ пайваста шав.
Бо садои беғубори кӯдакӣ,
Бо садои тобдори зиндагӣ.
Алвидоъ, эй панҷу чори кӯдакӣ,
Хайра мақдам, панҷу чори зиндагӣ...
Рост кардӣ каҷмакаҷ хатҳои ман,
То нависам рост таърихи Ватан...