САРМОЯ – МУҲАРРИКИ ТРАНСФОРМАТСИЯИ КИШВАР

Дар кишвари мо лоиҳаҳои зиёди бузург ва хурди сармоягузорӣ татбиқ мегарданд.

 Корхонаҳои хурду миёна бештар заруранд, ки ба зудӣ ҷойҳои корӣ созмон дода, маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда истеҳсол намуда, барои аҳолӣ манбаи даромад фароҳам оваранд.

 

Президент Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар ҷамъомади дуюми умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ таъкид намуда буд, ки «Мо бо саъю кӯшишҳои муштарак, якдигарро дастгирӣ карда, метавонем сатҳи ҳаёти халқи моро баланд бардорем ва ояндаи шукуфони Ӯзбекистонро таъмин кунем». 
Бо ин мақсад ҳайати вилояти Навоӣ бо роҳбарии ҳоким Нормат Турсунов сафари корӣ ба Русия анҷом дод. Боз ҳам  мустаҳкам намудани муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ду кишвар, тезонидани ба кишвар ворид намудани сармоя ва қавӣ гардонидани муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар мақсади асосии сафари корӣ буд.
Ҳоким бо вакилони якчанд компания мулоқот намуд. Барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ гуфтушунид кард. 
Аъзоёни ҳайат бо фаъолияти заводи технологӣ-инноватсионии Омск – «lavart», ки дар дунё ҳамтои худро надошта, тадқиқотҳои илмӣ пеш мебарад, шинос шуданд. Компания дар бештар аз 40 ҳудуди Русия зиёда аз 1000 лоиҳаро татбиқ намудааст, ки дар майдони 19 000 км мураббаъ роботҳо ба истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ машғул мебошанд.
Инчунин ҳайат ба «Маркази илмӣ-аграрии Омск» ташриф оварданд. Дар ин ҷо бо технологияи ихтирои навъҳои нави гандум, соя ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ шинос гардиданд. Бо ин корхона шартнома дар бораи ба вилояти Навоӣ ташриф овардани мутахассисони маркази илмӣ ба имзо расид.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: