Аз вилояти Сурхондарё шоиру нависандагони зиёде баромадаанд, ки дар Ӯзбекистону Тоҷикистон эҷод карда, чанд нафарашон ба дараҷаи шоир ё нависандаи мардумӣ расидаанд.
Яке аз адибони хушқалами вилоят алъон Ахтамқулӣ (Ахтамқул Каримов) мебошад. Мисле дирӯзак чун ҷавоншоири боистеъдод эътироф шуда бошад, вай ҳоло дар сафи адибони баркамол қарор дорад. Шастро низ пур кард ва ҳамон башаст дар ҷодаҳои зиндагиву эҷод қадам мезанад.
Ахтамқулӣ соли 1964 дар деҳаи Шотирӯди ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ба дунё омадааст.
Ҳануз аз хурдсолӣ ба мутолиа меҳр монданашро Мустафоқул ном хаткашони деҳ низ сабаб шудааст. Хаткашон ба рӯзномаву маҷаллаҳо дилбастагии Ахтамқулиро, ки ҳанӯз хурд буду дар синфҳои ибтидоӣ мехонд, пай бурд. Обуна набошад ҳам, баъзе шумораҳои нашрияҳои бачагонаро ҳадя мекард. Мисле мукофот гирифта бошад, сари Ахтамқулӣ ба осмон мерасид.
Яке аз рӯзҳо хаткашон ба вай чанд рӯзнома дод, вале нигоҳи бачаяк ҳамон ба хӯрҷини аз нашрҳои рангоранг моломоли вай. Чашмонаш мегуфт: «Ягон журнал ҳам медодед». Ифодаи нигоҳи бачаякро пай бурда, хаткашон даст ба хӯрҷин бурд ва маҷаллаи «Гулистон»-ро баровард.
– Раҳмат! – хурсанд шуда рафт Ахтамқулӣ.
Писари ҳамсояашон Бахтиёр ҳаракатҳои ӯро назора мекардааст.
– Ба ман ҳам журнал диҳед, – гуфт вай ба хаткашон.
Мустафоқуламак гӯш ба ношунавоӣ зад ва рафтагор шуд. Бахтиёр ранҷид:
– Охир ба ин додед-ку?
Хаткашон гуфт:
– Ахтамқулӣ ҷӯраи ман!
Оре,»ҷӯра» шуда буданд бачаи хурдсолу хаткашони куҳансол. Ҳамин тавр, ба туфайли «ҷӯрагӣ» бо хаткашони деҳ Ахтамқулӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои зиёд «ошно» гашт, сеҳр ва ҷозибаи мутолиа ӯро ба худ кашид. Ба хаткашон ҳавасаш ҳам меомад, ки метавонад нашри дилхоҳашро чи қадар, ки хоҳад, мутолиа менамояд. Матбуоти чопӣ мазмун ва муҳтавои дигар дошт. Мардум низ ташнаи мутолиа буду расонаҳои хабариро як ҷузъи ҷудонопазири рӯзгори маънавӣ мешуморид. Рӯзномаи онрӯзаро худи ҳамон рӯз ба даст нагирад, дилаш қарор намегирифт.
Мустафоқуламакро мардум эҳтиром мекард. Вай ба деҳаи дигар кӯч басту ба ҷояш падари Ахтамқулиро хаткашон таъин намуданд. Акнун даста-даста газетаву журналҳо, ки аввал ба хонаашон меомад, шодии Ахтамқулиро ҳадде набуд. Дар деҳа якумин шуда, нашри дилхоҳатро хонданат мумкин. Бештар газетаю журнал мехондагӣ шуд. Баъди дарс ӯву акааш ба падар ёрӣ мерасонданд – хӯрҷинҳоро ба хар бор карда, дар ба дар онҳоро ба обунашудагон тақсим мекарданд.
Аввалҳо ба ду деҳа рӯзнома паҳн кунанд, баъдтар «доираи фаъолияташон» васеъ гашт. Лозим омад ба чаҳор деҳа хидмат намоянд. Батадриҷ бародарон, ки вақт ёфта ба падар кумак мекарданд, «устоди касби худ» шуданд. Вале чӣ шуду ба «хаткашонҳо» чашм расид...
Рӯзе падараш бедимоғ ба хона омад. Дар дасташ рӯзномаи ноҳиявии «Сариосиё ҳақиқати». Ӯро ба сифати хаткашоне, ки дар вақташ мактубу газетаҳоро бурда намедиҳад, танқид карда буданд. Муаллиф як тракторрони одӣ.
– Ариза менависам, – гуфт падараш. – Барои он, ки ҷоям ба касе лозим шудааст, буҳтон намудаанд.
Бачаҳо мулзам шуданд. Падар гуфтаи худро кард, ҳарчанд медонистанд зери коса нимкоса ҳаст. Нафари дигар вазифаи ӯро гирифт (ҳамоне, ки ҷӯраи наздики муаллифи мақолаи танқидӣ будааст). Баъди чанд вақт маълум гашт, хаткашони нав ба вазифаи масъулиятталаб аз паси панҷа менигарад – газетаҳоро аз дарвозаҳо ҳаво дода, ба роҳаш давом медиҳад. Дар натиҷа ба газетаҳо молҳое, ки аз пода баргаштаанд, даҳон мезананд ё зери по мекунанд.
Он вақт Ахтамқулӣ дар синфи ҳафт мехонд. Бори аввал ба даст қалам гирифт. Ба рӯзномаи ноҳиявӣ номаи шикоятӣ навишт, аз идорае, ки пештар падарашро танқид карда буд, ҳақиқат ҷуст. Хотиррасон кард, ки ба падараш ноҳақ туҳмат карда буданд. Мақолааш бо унвони «Надонед, дониста гиред!» рӯйи чоп дид...
Ҳамин тавр, робитаи Ахтамқулӣ бо идораи рӯзномаву маҷаллаҳо оғоз ёфт. Баробари хабару мақола шеър ва ҳикоя менавишт. Баъде дабистони таълими умумиро хатм кард, чанд сол дар киштзорҳои деҳ арақи ҷабин резонд – деҳқонӣ кард. Агрономӣ ҳам намуд – забони долу дарахтҳоро омӯхт. Муттасил шеърнависиро низ машқ мекард. Муҳити адабии Тошканд ба худ кашид. Вақте ба курси олии адабиёт дар ҳузури Дорулфунуни миллии Ӯзбекистон ҳуҷҷат супурд, наздик чиҳилсола буд. Профессор Баҳодур Каримов, ки он вақт дар он даргоҳ аз адабиёт дарс медод, мегӯяд, Ахтамқулӣ дар ҳамон синну сол рӯҳан ҳаждаҳсоларо мемонд – ташнаи илму дониш буд. Доктори илмҳои филологӣ Нурбой Ҷабборов таъкид месозад, Ахтамқулӣ пеш аз забони шеърро омӯхтан забони заминро омӯхт, бинобар ҳамин ҳам дар шахсият ва қаламиҳояш тамкину бурдбориҳои ба замин хос муҷассам.
Ахтамқулӣ дар мактаби ҳаёт таҷрибаҳои зиёд андӯхта бошад, дар курси олии адабиёт аз Ёқубҷон Исоқов, Узоқ Ҷӯрақулов, Юсуфҷон Ҳамдамов, Болта Ёриев ва донишмандони дигар асрор ва нозукиҳои эҷодро омӯхт. Бо машқи ғазали худ ба назари Абдулло Орифов афтод.
Ҷамъомад бахшида ба 60-солагии Ахтамқулӣ дар Иттиҳоди нависандагон хотирмон сурат гирифт. Раиси ташкилоти адибон Сироҷиддин Саййид дар бораи ҳаёт ва роҳи эҷодии адиб бо ҳарорат ҳарф зад, бахшида ба рӯзи саид шоирро муборакбод сохт, ба вай ҷома пӯшонд. Ба ҳамсари адиб низ гулдастаҳо тақдим гашт.
Ахтамқулӣ бештар ғазал менависад. Аз арӯз бохабар аст. Воқифӣ аз адабиёти тоҷик низ ба амиқ решадавониву «деҳқони пухтакор»-иаш дар марзи адабиёт ва чун шоири ғазалсаро ном бароварданаш мусоидат сохт. Ба сарсабзиҳои эҷодӣ даст ёфт.
Дар чорабинӣ онҳое, ки ба сухан баромаданд, гуфтанд ба писанди умум будани соҳибҷашн хоксориҳои ба худ хоси ӯ низ сабаб аст. Зебо ва шево менависад. Ин ҷост, ки якчанд шеъраш ба оҳанг даромадааст. Артисти халқии Ӯзбекистон Маҳмуд Намозов таронае хонд бо унвони «Диёри модариам». «Шукр кун» ном суруд дар иҷрои сарояндаи ҷавон Малика Эгамбердиева, айни замон, гуворо садо дод, онҳо ба қалами Ахтамқулӣ мансуб аст.
Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Ахтамқулӣ алъон дар рӯзномаи «Тонг юлдузи» фаъолият мебарад. Муаллифи якчанд маҷмӯаи назмию насрист. Хусусан «Ватан дар гунаам гул мекунад», «Кӯҳҳо низ пир мешаванд», «Бодомакам», «Чиҳил ғазал», «Гули аз баҳор дермондаи ман», «Чамани сухан», «Номатро дар қалб нуҳуфтам» ном дафтарҳои шеърӣ ва чанд қисссаи тарҷумаиҳолиаш баҳои баланд гирифтаанд.
Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
шаҳри ТОШКАНД.