Дар вилояти Фарғона, ки марвориди водӣ маҳсуб меёбад, соҳаи асалпарварӣ босуръат пеш меравад.

Ҳоли ҳозир дар ҳудуд беш аз 2 ҳазор нафар бо занбӯриасалпарварӣ машғуланд.

Сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сойёни ноҳияи Ёзёвон Акбаралӣ Каримов аз ҷумлаи онҳост. 
– Падарам солҳои зиёд баробари омӯзгорӣ бо занбӯриасалпарварӣ машғул шуда, даромади иловагӣ мегирифт, – мегӯяд ӯ. – Мо кори падарро идома дода, кам нашудем. Алҳол 200 оилаи занбури асалро парвариш мекунем. Соли равон ба харидорон 200 оилаи занбӯрро ба маблағи 53 миллион сӯм фурӯхтем. Ин харҷи солонаи моро сарпӯш карда, боз 20 миллион сӯм фоидаи соф овард. 
Суратгир: М. ҚОДИРОВ (ӮзА).  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: