Дар тамоми гӯшаю канори кишварамон, дар мактабҳои миёна занги охирин садо дод.
Ҳар як инсон дар ҳаёташ ин занги нотакрорро як бор мешунавад.
Дар ноҳияи Чуст 78-то мактаби миёна фаъолият дорад. Хусусан, мактаби рақами 58 дар мобайни ин мактабҳо пешқадамтарин ҳисобида мешавад. Соли ҷорӣ низ ба муаллимону хонандагон муваффақиятнок анҷом ёфт. Дар олимпиадаи фанҳои вилоятию ҷумҳурӣ ба ҷойҳои баланд сазовор шуданд. Соли гузашта 76 фоизи хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ, ҳатто ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ дохил шуданд.
– Дар мактабамон ҳамагӣ 760 нафар хонандагон бо ду забон сабақ мегиранд, – мегӯяд директори муассиса Дилфуза Юсуфова. – Ба саъю ҳаракати муаллимон хонандагон ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардиданд. Имсол синфи 9-умро 72 ва 11-ро 75 нафар хатмкунандагон ба охир расонданд. Комёбиҳои имсола низ бисёранд. Дар озмунҳои маънавию маърифатӣ, дар олимпиадаҳои фаннӣ хонандагонамон ҷойҳои баландро ишғол карданд. Азиза Деҳқонова, Мухлиса Маҳмудхонова, Розия Саъдиллохонова аз фанни забони модарӣ ва адабиёт ва аз фанни забони ӯзбекӣ дар олимпиадаи республикавӣ муваффақиятнок иштирок доштанд.
Дар «Занги охирин» муаллимҳои фахрии собиқ ва фаъолони маҳалла иштирок карда, дар бораи шароит ва имкониятҳои фароҳамовардашуда гуфта гузаштанд ва ҷавононро аз ин имкониятҳо бо самаранок истифода бурдан даъват карданд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.