Ин мактаб аз маркази ноҳия 75 километр – дар деҳаи Деҳнави Болои аз сатҳи баҳр 2500 метр баланд қарор дорад.
Дар маърифатгоҳ 228 нафар донишомӯз сабақ мегиранд, 22 нафари онҳо хатмкунанда мебошанд.
Дар чорабинӣ номаи табрикии Президент барои хатмкунандагон қироат карда шуд. Устодон ва падару модарон ба тамомкунандагони мактаб орзуҳои нек хостанд.
Ҳамаи хатмкунандагон ният доранд, ки хонишро дар мактабҳои олӣ идома диҳанд.
Суратгир: Ҷ. НОРҚОБИЛОВ (ӮзА).