Ба мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ рафтам.
Ҳавлии мактаб тозаву озода. Дарахтони себу зардолу, биҳӣ фаровон бор овардаанд. Дар самти рости даромадгоҳ қад-қади девори ҳавлии мактаб гулҳои гуногунранг ва гулбуттаҳои ороишӣ қад афрохтаанд.
Ворид ба хонаи муаллимон шудам ва бо ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ ва маърифатӣ Дилмурод Қӯзиев суҳбат кардам.
– Сенарияи тадбири «Занги охир» мувофиқи тавсияҳои Вазорати таълими томактабӣ ва мактабҳои таълими ҳамагонӣ омода карда шудааст. Ин чорабинӣ 25 май дар тамоми мактабҳои таълими умумии кишвар гузаронида шуд. Дар чорабинӣ танҳо хонандагони синфи якум, чорум, нуҳум ва ёздаҳум, ҳамчунин падару модарони ҳамин хонандагон иштирок бояд кунанд. Чун дар мактаби мо миқдори хонандагон кам аст (наздики сад нафар) тасмим гирифтем, то ҳамаи хонандагон иштирок намуданд, – гуфт Д. Қӯзиев.
Байтҳои Лоиқ ёдам расид:
Занги охир бурд моро ҳар куҷо аз
ҳам ҷудо,
То ҳанӯзам гиряи занги ҷудоӣ
дар дил аст.
Баъд аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто
лаҳзае,
Назди мактабхона моро ҷамъ кардан
мушкил аст.
Бо чанде аз омӯзгорон, хатмкунандагон, падару модар ҳамсуҳбат шуда, таассуроташонро доири моҳияти «Занги охир» рӯйи коғаз овардем.
Абдураҳмон Раҳимов, ҷонишини директор оид ба корҳои таълим:
– Ин рӯз аз дигар рӯзҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро мо ин рӯз барои видоъ ба мактаб омада будем. Пушти ҳам саф оростем. Дар саҳни мактаб ба ҷойи ханда садои гиряву хайрбод ҳукмфармо буд. Мо дар ин даргоҳ таълим гирифтем, одоб омӯхтем, хандидем, бозӣ кардем ... ва ба зиндагии мустақил омода шудем.
Шукрона Суярқулова, хатмкунандаи синфи ёздаҳум миннатдории самимии худро ба омӯзгорон иброз намуд.
Орзугул Ҳайдарова, модари яке аз хатмкунандаи синфи ёздаҳум:
– «Занги охир» моро мисли донаҳо пароканда карда буд. Минбаъд бо ягон ҳамсинф рӯ ба рӯ шавам, чун бародарон хотираҳои ширини мактабхониро варақгардон мекунем. Мо низ ба фаъолияти хатмкунандагони кулли кишвар комёбиҳо орзумандем. Боварӣ дорем, ки онҳо дар амалисозии Эҳёи сеюм ва бунёди Ӯзбекистони Нав саҳм мегузоранд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.