МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШИИ ХОДИМОНИ ТИББӢ

Дар бахши фарғонагии Маркази ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳурӣ барои дар байни аҳолӣ тарзи солими ҳаётро ҷорӣ кардан ва ба мақсади оммавӣ намудани варзиш мусобиқаҳои минӣ-футбол, волейбол, шоҳмоту шашка ва ғайра баргузор шуданд.

Дар мусобиқаҳое, ки байни ҷамоаҳои муассисаҳои тиббии вилоят ба вуқӯъ пайваст, баъди талошҳои ҷиддиву завқовар ҷамоаи мизбон сазовори ҷойи 1-ум гардид. Дар сабқат оид ба волейбол кормандони тиббии ноҳияи Олтиариқ, дар баҳсҳои байни мардон бинобар шоҳмот корманди истгоҳи ёрии таъҷилии тиббии ноҳияи Қува Машрабҷон Бойназаров, дар байни занон низ Муаттар Мадалиеваи қуввагӣ ғолиб омаданд. Дар мусобиқаи оид ба шашкаи байни мардон  пирӯзӣ ба корманди истгоҳи ёрии таъҷилии тиббии ноҳияи Қува Давлатбек Сатторов, миёни бонувон бошад, ба ходими истгоҳи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Фарғона Нилуфар Ҷамолиддинова насиб гардид.
Суратгир: М. ҚОДИРОВ (ӮзА).     

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: