Дар Намангон бо ҳамкории Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Вазорати варзиш, Агентии таълими томактабӣ ва Федератсияи велоспорти Ӯзбекистон ҷашнвораи варзишии кӯдакона баргузор гардид.
1 июн дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар варзишгоҳи «Марказӣ»-и ноҳияи Давлатобод таҳти шиори «Қадами сабз ба оянда» панҷумин марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки ҳадафаш оммавӣ гардондани велосипедронӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар тарбиятгирандагони 28 ташкилотҳои давлатии таълими томактабии 6-7-сола ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ муовини аввали вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ, директори Агентии таълими томактабӣ Агреппина Шин, мутобиқгари лоиҳаи САҲА дар Ӯзбекистон Антти Картгунен, муовини вазири варзиш Шаҳрилло Маҳмудов, муовини ҳокими вилояти Намангон Ботир Нуриддинов нутқ эрод намуда, таъкид намуданд, ки яке аз усулҳои самарабахши ҳифзи тозагии табиат дар кӯдакон ташаккул додани маҳорати ба навъҳо ҷудо кардани партовҳо, оммавигардонии нақлиёти «сабз» мебошад.
Дар низоми таълими томактабӣ тақрибан се сол аст, ки лоиҳаи тарбияи экологӣ ва усулҳои рондани дучархаҳои мувозинат амал мекунад ва дар ин замина имкони такмили дониши кӯдакони синни томактабӣ оид ба тарбияи экологӣ ва техникаи бехатарии ронандагӣ беҳтар мегардад. Ба гуфти коршиносон бартарии дучархаи мувозинат дар он аст, ки кӯдак нисбат ба велосипеди муқаррарии педалӣ дар он мувозинатро нигоҳ медорад. Вай идора кардани бадан ва ҳамоҳангсозии ҳаракатро бо суръат меомӯзад.
Марҳилаи навбатии панҷуми марафони бузурги велоспорт, ки тобистони соли 2021 оғоз шуда буд, барои кӯдакон иди ҳақиқии варзиш ва дӯстӣ гардид. Сурудҳо, рақсҳо, табрикномаҳо, баромади велосипедронони касбӣ, инчунин ба ҳаво сар додани пуфакҳо ҳамчун рамзи сулҳу покӣ ба онҳо таассуроти фаромӯшнопазир бахшид. Иштирокчиёни хурдсоле, ки ба масофаи 100 метр давида буданд, бо медалу туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонда шуданд. Қариб 30 боғчаҳои бачагонаи Намангон, ки дар марафон ширкат варзид, ҳамчун туҳфа 500 беговел гирифтанд.
– Чунин чорабиниҳо дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, аз хурдӣ ба варзиш ҷалб намудани фарзандони мо аҳамияти калон дорад, – мегӯяд мураббии муассисаи таълими томактабии №3-и шаҳри Намангон Маҳбуба Раҳимова. – Маҳз барои ҳамин ба марафон чор нафар тарбиягирандагони гурӯҳи тайёрии худро овардам. Онҳо вақтро хуш гузаронданд.
Сарфароз гардондани бачаҳо дар анҷоми чорабинӣ натанҳо худи кӯдакон, балки волидони онҳоро шод гардонд. Ба ҳамаи иштирокчиёни марафони велосипедронӣ аз ҷониби созмондиҳандагони мусобиқа ва маъмурияти вилояти Намангон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Оқилхон ДАДАБОЕВ,
мухбири ӮзА.