Дар назар аст, ки 27-30 июни соли ҷорӣ дар ҳудуди истироҳатӣ-фароғатии «Зоминсой»-и ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах Анҷумани II байналмилалии санъати мақом баргузор гардид.
Ба ин анҷуман ҳанӯз соли 2017 Президент Ш. Мирзиёев асос гузоштааст. Ва соли 2018 бори аввал дар шаҳри Шаҳрисабз баргузор гардида буд.
Ин анҷуман бо ибтикори Вазорати фарҳанг, Кумитаи сайёҳӣ ва ҳокимияти вилояти Ҷиззах доир хоҳад гашт. Ҳоло барои хотирмон ва ҷолиб гузаронидани он омодагӣ мебинанд.
Аз ҷумла, тавре ба қарибӣ дар як нишасти матбуотӣ сарвари Садорати фарҳанги вилоят Азамат Дархонов ба ходимони расонаҳои хабарӣ маълумот дода гуфт, ки дар ин анҷуман беш аз 70 кишвари дунё хоҳиши иштирок кардан намудаанд.
Дар маркази ноҳияи Зомин меҳмонхона, амфитеатр бунёд ёфтааст. Марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни мақом дар вилояти Ҷиззах ҳам як навъ омодагӣ ба ин фестивал мебошад. Аз 14 минтақа намояндагон, дастаҳои мақомхонӣ ширкат варзида, ҳунари мақомсароии худро сайқал медиҳанд. Онҳо консерти ниҳоиро дар театри вилоятӣ, воқеъ дар шаҳри Ҷиззах, баргузор менамоянд.
– Аллакай автобусҳои калону хурд барои меҳмонон омода аст, – гуфт Азамат Дархонов. – Дар доираи анҷуман конфронси илмӣ – амалӣ оид ба мақом низ баргузор хоҳем намуд, ки бо ин роҳ ба оламиён нозукиҳои ин ҳунари азалии мардумро муаррифӣ мекунем.
Дар чаҳорчӯби чорабинӣ мувофиқи барномаи «Макони сабз» «Хиёбони мақомчиён» барпо карда мешавад. Дар он меҳмонон ниҳол мешинонанд, ки нишоне аз ин фестивали байналмиллӣ аст. Дар оянда боғе бунёд хоҳад гашт, ки аз ин анҷумани муҳим ёде меоварад.
Дар маркази ноҳияҳои Зомин, Зарбдор, Янгиобод, Шароф Рашидов ва шаҳри Ҷиззах аз ҷониби ҳунарпешагони маъруф, устодони мақом ва шашмақомсароёни номӣ консерти идона барпо мегардад.
Аз ҳозир ба нақша гирифта шудааст, ки озмуни беҳтарин навор, мақолаву гузориш ва аксҳо эълом гардад ва беҳтарин асарҳо подошу мукофот гиранд.
Албатта, саёҳати меҳмононро ба гӯшаҳои зебои Зомин, тамошои манзараҳои дилфиреби он созмон медиҳанд. Онҳо ҳамзамон аз иншоотҳои навбунёд, роҳҳои симтанобу кӯпруки овезон дидан хоҳанд кард.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.