САЙФИ ФАРҒОНӢ – ШОИРИ МАЪРУФИ ФОРС-ТОҶИК

Одатан, ҳар як мавзеъ ё қаламравро таърих ба туфайли фарзандони фарзонааш – шоирону олимон ва ҳунармандони асилу нобиғагони оламшумулаш мешиносад.

Аз он ҷумла, Фарғонаи мо бо бузургоне мисли Аҳмад ал-Фарғонӣ, Бурҳониддин Марғелонӣ, Сайфи Фарғонӣ ва монанди инҳо вирди забони оламиён гардидааст.
Яке аз шоирони саршиноси асри XIII форс-тоҷик Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки нисбати дигар бузургони адабиётамон дар бораи рӯзгор ва осори Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ маълумоти ночизе боқӣ мондааст. Дар тазкираҳову таърихномаҳо ва китобҳои ба таърихи адабиёти форс-тоҷик бахшидаи олимони адабиётшинос маълумоти андак ва ё танҳо ишораҳое ба Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ омадаасту халос. Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ, ки бо тахаллуси Сайфи Фарғонӣ маъруфият дорад, дар нимаи аввали асри XIII дар сарзамини Фарғона таваллуд шудааст. Сайфи Фарғонӣ маълумоти ибтидоиашро дар зодгоҳи худ гирифтааст. Азбаски замони зиндагиаш ба давраи таърихии истилои муғулҳо ба Осиёи Миёна рост омада буд, дар водии Фарғона низ вазъи ноороми сиёсӣ ҳукмрон буд. Бинобар ин, Сайф ба Рум (Туркияи имрӯза) фирор карда, дар он ҷо паноҳ ҷустааст. 
Он ҷо ӯ соҳиби донишу хирад ва обрӯву эътибори баланд гардида буд.
Аммо ӯ ба дарбор наздикӣ накардааст. Ҳамеша тарафдори халқи камбағал буд. Ашъораш ҳам дар васфу ҳимояи синфи поёни ҷомеа эҷод гардидаанд. Аз ин рӯ, дар байни авом эътибор ва эътирофи хосса дошт.
Дар Рум ба унвони «Шайх-ул-машоих» (Шайхи шайхҳо) мушарраф гардида буд. Маҳз ба шарофати хирад ва ҳунари волои шоирӣ  ҳаводорони зиёдро дар атрофи худ ҷамъ карда тавонист. Ҳатто ноиби элхонон Муҷириддини Амиршоҳ низ яке аз ихлосмандони ӯ будааст.
Фарғонӣ дар ибтидои асри XIV дар Оқсаройи Туркия вафот кардааст.
Ҳарчанд муҳаққиқони гузаштаву имрӯза ба таҳқиқи эҷодиёти ин нобиға ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, то ба ҳол паҳлуҳои омӯхтаношудаи эҷодиёти ӯ  ба назар мерасанд.
Яке аз нусхаҳои дастхати осори шоир дар китобхонаи Донишгоҳи Истанбул, нусхаи дигар дар китобхонаи Воҳидпошшои шаҳри Кутоҳия ва нусхаи сеюмаш дар Осорхонаи Тӯпқопусаройи Туркия маҳфузанд. Девони шоир дар Эрону Тоҷикистон низ ба нашр расидааст. Танҳо чанд намунаи ашъораш ба забони ӯзбекӣ тарҷума шудаанд. 
Ба наздикӣ 5 рубоии Фарғонӣ аз тарафи шоири зуллисонайни сӯхӣ, узви Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Расулбеки Аҳмадзод аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷума карда шуд, ки ҳоло он рубоиҳоро бо ду забон – тоҷикиву ӯзбекӣ меорем:
Дар хонаи дил ишқи ту маҷмаъ дорад,
В-аз додани ҷон кори ту мақтаъ дорад.
Дар шеър тахаллус ба ту кардам, ки вуҷуд
Назмест, ки аз рӯйи ту матлаъ дорад.
Тарҷумааш:
Менинг кӯнглимда бор ишқинг мажмаъси,
Менинг жон беришим — ишинг мақтаъси.
Тахаллусим сенсан, вужудинг — назмим,
Юзингдан ясалган шеърим матлаъси.
***
Эй ман ҳама бад кардаву дида зи ту нек,
Бад гуфта ҳама умру шунида зи ту нек.
Ҳадди бадиву ғояти некӣ ин аст,
К-аз ман ба ту бад, ба ман расида зи ту нек.
Тарҷумааш:
Ёмонлик гарчи қилдим, 
яхшилик кӯрдим сендан,
Яхши гапинг эшиттим, 
гарчи юз бурдим сендан.
Ёмон ва яхшиликни ҳаддини билсам агар,
Мендан сенга ёмонлик, 
яхшилик олдим сендан.
***
Бар кардаи хештан чу бигморам чашм,
Бар ҳам задан аз тарс намеёрам чашм.
Эй дидаи шӯх, бин, ки ман чандин сол
Бад кардаму некӣ аз ту медорам чашм.
Тарҷумааш:
Қилган қилиғим агар қилинса сарҳисоб,
Қӯрқиб кетаман, ки мен берарман не жавоб.
Кӯргин мени, эй шӯхкӯзим, бир неча йил
Қилдим гунаҳу мен кутаман энди савоб.
***
Кардам ҳама умр он чӣ намебояд кард,
Аз кардаи ӯ ҳазар намешояд кард.
Имрӯз чунинаму надонам фардо
То бо мани бечора чӣ мебояд кард?!
Тарҷумааш:
Бутун умрим керакмас ишни қилдим,
Ушал ишни қилишни саҳл билдим.
Бугун шундай ману билмам, ки эртам,
Пушаймон еб, мани бечора сӯлдим!
***
Эй нури ту омада ниқоби рухи ту,
Хуршед закоте зи нисоби рухи ту.
Ҳар дил, ки ҳавои ту бар ӯ соя фиканд,
Дар зарра бибинад офтоби рухи ту.
Тарҷумааш:
Сенинг нуринг юзгинангнинг ниқоби,
Офтоб – закот, юзгинанг бу нисоби.
Қалблар сенга ҳавас-ла боқар мудом,
Кӯриб заррада юзингнинг офтоби.

Шукрона АҲМАДБЕКОВА, 
муҳассили соли сеюми бахши 
тоҷикии факултети
филологияи Донишгоҳи 
давлатии Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: