МАКТАБИ МАҲОРАТИ ЗАВРАҚРОНӢ

Дар ҳавзи қаиқронии Самарқанд Ҷоми ҷаҳон оид ба триатлон ва паратриатлон ба поён расид.

Таъкид шуд, ки бесабаб Самарқанд барои гузаронидани чунин мусобиқаи  пуршукӯҳ интихоб нашудааст, зеро чунин ҳавзаи дилнишину айни муддао дар Олмон, Русия ва Самарқанд арзи вуҷуд дораду халос. 
Ҳавзи мазкур соли 1981 бунёд гардид ва пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ ҳавзи шиноварӣ ба ҳоли худ гузошта шуда буд. Соли 2012  мутахассисони олмонӣ омада, дастгоҳҳои замонавӣ бунёд карданд.  
Ба муносибати дар Самарқанд баргузор намудани анҷумани бошукӯҳи байналхалқӣ дар атрофи ҳавз биноҳои баландошёнаи муҳташами Конгресс-холл, меҳмонхонаҳо, маҷмӯи «Шаҳри абадӣ» қад афрохта, диққату эътиборро ба худ кашид, ки дар ин кори неку хайр хидмати шоистаи сарвари давлатамон калон аст. 
Аз ҳама муҳимаш дар он аст, ки дар ҳавз дастаи яккачини мунтахаби  мактаби маҳорати махсуси захираҳои олимпии наврасони Самарқанд дарсҳои  амалӣ мегузаранд. Қариб 25 нафар мураббиёни баландихтисос асрори заврақрониро ба шогирдон омӯзонда, комёбиҳои нав ба навро ба даст оварда истодаанд. Танҳо дар чемпионатҳои Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналхалқӣ  варзишгарони Самарқанд ба 118 медал соҳиб шудаанд, ки 40-тои он медали тилло мебошад. 
–  Имрӯзҳо дар мактаби мо 122 нафар варзишгарон қаиқронӣ карда, 83 нафари  онҳо аъзои дастаи яккачини Ӯзбекистон  ҳастанд,– иброз дошт  сарвари  он Худоёр Аҳмадов. – Собирҷон Сафаралиев, Зафарҷон Усмонов, Шероз Ҳакимов, Отамурод Раҳимов шарафи Ӯзбекистонро дар  олимпиадаи Париж  ҳимоят мекунанд, ки барои  мактаби мо  шарафи бузург аст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»  
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: