Давраи мактабхонии мо ба охири солҳои 40-ум ва аввали солҳои 50-уми қарни гузашта рост меояд.
Дар он замон аксарият танҳо дар ғами ҷони худу фарзандонашон буданд. Ҳарчанд ҷанги хонумонсӯзи зидди фашизми Олмон кайҳо ба охир расида буд, вале ҳанӯз аз оқибатҳои ногувори он мардум дар азоб ба сар мебурданд. Дар бисёр оилаҳо нони дурусти серӣ пайдо намешуд ва барои таъмини рӯзгор одамон маҷбур буданд, ки шабу рӯз меҳнат кунанд.
Хаткашон ба мактаби мо низ рӯзномаҳо оварда медод. Дар байни рӯзномаҳо «Ӯзбекистони сурх» ном рӯзнома ба дасти мо мерасид ва матолиби саҳифаҳои онро бо шавқу завқи том мехондем. Ин рӯзнома манбаи ягонае маҳсуб меёфт, ки дар саҳифаҳои худ намунаи шеърҳои шоирони ҳамон давраро мунташир мекард ва мо онҳоро аз ёд мекардем. Инчунин вақтҳои холиамонро ба қироати китобҳои бадеӣ, ки теъдоди он хеле кам буд, сарф менамудем.
Бинои мактабе, ки мо даҳ сол таҳсил кардаем, ҳоло вуҷуд надорад. Давлат дар ҷои дигар чанд бинои нави замонавиеро сохтааст, ки дар синфхонаҳои барҳавову озодаи он фарзандони мардум таҳсил мегиранд. Даҳлези васеъ ва дароз, толори ҷамъомадҳо ва варзиш, бо кабинетҳои бо технологияи муосир, мисли кинопроектору компутерҳо муҷаҳҳаз дар ихтиёри ин фарзандони хушбахт қарор доранд.
Аммо давраи зиндагӣ ва таҳсили замони моро бо ин замон муқоиса карда намешавад. Дақиқтараш, онро ба ёд оварӣ, тавре байни мардум мегӯянд, «дилат ба тахтапушт рафта мерасад». Гуфтаниам, ки дар ҳамон давраҳои мушкил мо китобу рӯзнома мехондем, дарс тайёр мекардем ва кору бори хонаро низ анҷом медодем. Гузашта аз ин, ба саҳро баромада, ба калонсолон ёрӣ мерасонидем: гандум медаравидем, онро дарза мебастем, ҷӯй мекандем, хишова мекардем, чорво мечаронидем, ҳатто аз заминҳои гандумаш даравидашуда сараки гандум чида, ба хона меовардем. Аз он модарамон ба мо хӯрок мепухт, ки номашро далида мегуфтанд.
Ман баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Институти политехникии Тоҷикистон супурда, ба курси якум қабул шудам. Аммо баъди оғози таҳсил шароит маро маҷбур кард, ки тарки хондан кунам ва ба кор дароям. Чунки аз хона падару модарам наметавонистанд, ба ман пул фиристанду ман таҳсилро давом диҳам. Баъд ба манзури он ки дар оянда соҳиби ягон касбу кор шавам, ба кор даромадам, то ки андак маблағ пасандоз намояму соҳиби диплом шавам.
Вақте ки ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи устод М.Турсунзода) супурдам, комиссияи қабул маро ҳамчун шахсе, ки дафтарчаи меҳнатӣ дораду чанд сол кор кардааст, бидуни конкурс донишҷӯ эълон намуд. Ҳамсарам Донишкадаи омӯзгории Душанберо бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик тамом кард. Дертар дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон кор кардам ва ҳатман ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» обуна мешудам. Замона чунин буд, ки ҳар фард метавонист ба нашрияи дилхоҳаш чи аз Маскаву чи аз Ӯзбекистон ва соири кишварҳои дигар обуна шавад. Онро хаткашонҳо саривақт ба муштариён мерасониданд.
Баъд падару модарам пир шуданду ҳамчун писари хурдӣ аз Душанбе бо ҳамсарам ба деҳаам – Ҳушёр баргаштем. Чанд сол дар мактаби рақами 13 аз мусиқӣ ба фарзандони мардум сабақ додам.
Ёдам мондааст, ки мардуми Сӯх ҳар сари хона ба он обуна мешуд ва кормандони почтаи давлатӣ шумораҳои онро ба дасти мардум мерасониданд. Хусусан кормандони соҳаи таълиму тарбия ва тандурустӣ ба он пурра обуна мешуданду матолиби онро мехонданд. Аммо алҳол теъдоди муштариёни он дар ноҳияи мо низ тамоман кам шуда рафтааст, ки боиси таассуф мебошад. Зимни суҳбатҳо баъзан ба гӯш чунин ҳарфҳо мерасанд, ки гӯё маводу матолиби рӯзномаи «Овози тоҷик» хонданибоб нест, барои ҳамин теъдоди обуначиёнаш ба чунин ҳадди паст поин рафтааст. Аммо ман ҳаргиз ин иддаоро тарафдорӣ намекунам. Агар гӯям, ки чоп шудани матолиби хушу хонданӣ ба хонандагони он низ вобаста аст, ҳаргиз хато нахоҳам кард. Зеро солҳои пеш аз ноҳия мухбирони ҷамоатии зиёд ба «Овози тоҷик» хабару мақолаҳо менавиштанд, ки он соҳаҳои гуногуни ҳаёти сӯхиёнро дар худ акс мекунонд.
Ҳоло мо дар арафаи 100-солагии таъсиси минбари ягонаи тоҷикии худ дар кишвари соҳибистиқлоли Ӯзбекистон – «Овози тоҷик» қарор дорем. Ин санаест, ки дар хотири ҳар як фарди забону фарҳангдӯсти тоҷики кишвар сахт нақш бастааст. Садсолагии минбари мо – «Овози тоҷик» ба ҷамъи муштариёни азизи он муборак бошад!
Султоналӣ БОЛТАЕВ,
бознишастаи соҳаи фарҳанг.
Ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.