Дар давоми 48 соати фуруд омадан модули фурудоӣ бо ёрии бозуи робот аз сатҳи Моҳ, инчунин аз қабатҳои чуқуртари он намунаҳои сангу хок ҷамъ мекунад.
Киштии кайҳонии Chang'e-6-и Чин рӯзи якшанбеи 2 июн дар он канори Моҳ фуруд омад. Ин миссия дар таърихи инсоният аввалин миссия буд, хабар доданд агентии Xinhua ва Reuters.
Қайд карда мешавад, ки зонд ба минтақаи таъиншудаи фуруд соати 6:23 ба вақти Пекин расид. Мақсад ва вазифаи аппарат аз сатҳи Моҳ кандани сангу хок ва овардани намунаҳо мебошад.
Идораи миллии кайҳонии Чин (CNSA) гуфт, фурудоӣ бо кумаки интиқолдиҳандаи моҳвораии Queqiao-2 анҷом дода шуд.
Киштии кайҳонии Chang'e-6 3 май ба ба кор дароварда шуда буд, хабар медиҳад korrespondent.net.