ХИВА – ПОЙТАХТИ САЙЁҲИИ ҶАҲОНИ ИСЛОМ

Дар шаҳри Хива таҳти шиори «Хива – шаҳри сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ – 2024» чорабинии байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар он масъулини соҳаи сайёҳии кишварҳои узви СҲИ ва роҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ҷамъ омаданд. 


Дар чаҳорчӯби чорабинӣ нахуст Иҷлосияи XII вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ таҳти шиори «Барқарории саноати сайёҳӣ ва ривоҷи мустаҳками он» ба кор оғоз кард. Дар он намояндагон аз Туркия, Сенегал, Сомалӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Уганда, Озарбойҷон, Бангладеш, Буркина-Фасо, Габон, Миср, Ироқ, Лубнон, Малайзия, Индонезия, Сингапур, Малдив, Уммон, АМА ва амсоли он ширкат карданд. 
Тавре ки зикр шуд, соли 2022 дар Иҷлосияи XI-уми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Боку шаҳри бостонии Хива бо таърихи дувунимҳазорсола «Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом» дар соли 2024 эълон шуда буд. 
Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Таҳа ҳангоми суханронӣ гуфт, ки умедвор аст дар ҷараёни раёсати Ӯзбекистон дар Конфронси исломӣ имкониятҳои сайёҳӣ боз бештар тавсеа меёбанд ва дар ин самт ҳамкориҳо беш аз пеш доман фарох менамоянд. 
Дар осорхонаи давлатии «Ичан-Қалъа» роҳандозии мусобиқаи байналмилалӣ таҳти унвони «Паҳлавони Маҳмуд – бозии мардонагӣ» сурат гирифт. 
Дар мусобиқа беш аз 25 варзишгар аз 15 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Австрия, Британияи Кабир, Латвия, Покистон, Зеландияи Нав, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва кишварамон ширкат намуданд.
– Ман мақомоти Хиваро ба муносибати он, ки шаҳр ба таври ҳақиқӣ шаҳри сайёҳии ҷаҳони ислом барои соли 2024 эълон шуд, табрик мегӯям. Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ҳадаф дорад, ки иқтисоди кишварҳои узви онро тавассути рушди устувор баланд бардорад. Минтақа, ки беш аз 500 миллион аҳолӣ дорад ва маҳсулоти холиси дохилии он  қариб 2,5 триллион долларро ташкил медиҳад, дорои салоҳиятҳои бузурги сайёҳӣ мебошад. 86 объекти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, як ҷо бо Хиваи бостонӣ, соли гузашта ҳудуди 80 миллион сайёҳро ҷалб кардаанд, – изҳор намуд дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ.
Дар чаҳорчӯби чорабиниҳо намоишгоҳи «Қадамҷойҳои муқаддаси дунёи ислом» меҳмонони зиёдро ба канор пазируфт. Ҳусейн Иброҳим Таҳа аз ин намоишгоҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ боздид намуд. Бо вай вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов ва раиси Кумитаи сайёҳӣ Умид Шодиев ҳамроҳӣ карданд. 
Намоишгоҳ имкон фароҳам овард, ки бинанда дар бораи таърих, мероси фарҳангӣ, арзишҳо, расму оин ва анъанаҳои кишварҳои исломӣ маълумоти бештар ба даст орад ва тасаввуроти худро дар ин самт ғанӣ гардонад.
Дар доираи чорабиниҳои Хива барои журналистони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба маҷмааи «Ҳавлии уллӣ»-и ноҳияи Урганч сафари матбуотӣ ташкил карда шуд. Маҷмаа дорои таърихи дурудароз буда, аз ҷиҳати симои меъморӣ ва нақшу нигор хеле беҳамтову беназир аст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: