АЙ БИҲИШТАМ, ӮЗБЕКИСТОНАМ!

Дар деҳаи Навободи ноҳияи Бӯка 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва 2-солагии созишномаи байни ду давлат – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо номи «Дӯстии абадии ду халқ» ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта шуд.

Дар ҷашнвора  раиси Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони вилояти Тошканд Саврон Мирзоев, ҷонишини ҳокими ноҳияи Бӯка Одил Ҷӯраев, инчунин депутати ноҳия Усмон Ҷӯраев, омӯзгорону хонандагон ва аҳли деҳа ширкат варзиданд. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 9-уми ноҳия Сулаймонбек Содиқов оиди мақсад ва аҳамияти ҷашнвора ҳарф зад. Сипас, хонандаи синфи 5-ум Абдулазиз Бахтоварзода бо қироати шеъри  «Ай биҳиштам, Ӯзбекистонам» ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид, ки писанди ҳамагон гардид.
Сипас ҷонишини ҳокими ноҳия О. Ҷӯраев ҳозиронро бо дастовардҳо ва фаъолияти шахсони алоҳида, ки барои рушди соҳаҳои гуногун дар миқёси ноҳия ва вилоят саҳми назаррас мегузоранд, шинос намуд.
Депутати ноҳия, омӯзгори собиқадор Усмон Ҷӯраев оиди бо меҳнати ҳалоли худ мавқеи намоёнро ишғол намудани меҳнаткашони деҳа ва боиси обрӯву эътибор гаштани онҳо ҳарф зад. 
Дар поёни ҷашнвора аз ҷониби марказ ба фаъолони деҳа ташаккурномаву туҳфаҳои хотиравӣ ва ба наврасони мӯҳтоҷ ва имконияташон маҳдуд туҳфаҳо супурда шуд. 

Сулаймон СОДИҚ,
Меҳровар ҚОДИРЗОДА.

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: