Дар мактаби санъат ва мусиқии бачагони рақами 4-уми шаҳри Самарқанд ду анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ – 60-солагии ташкилёбии мактаб ва хатми навбатии ҳунаромӯзон баргузор гардид.
Сарвари мактаб Ирода Шокирова таъкид намуд, ки таълимгоҳ барои ба камол расидани санъаткорону рассомони хидмати шоиста кардааст.
– Ҳоло дар мактаби мо 547 нафар писарону духтаракони дилбастаи санъат асрори навохтани созҳои мусиқӣ ва расмкаширо аз 82 нафар устодон омӯхта истодаанд. Шогирдон дар 13 самт истеъдоди хешро сайқал медиҳанд.
Боиси хушнудист, ки дар мактаби мо барои омӯхтани асбобҳои миллӣ ва хориҷӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло 85 нафар «паррончак»-ҳо номаи камол мегиранд, ки минбаъд дар мактабҳои олӣ таҳсилро идома диҳанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.