ДӮСТИАМОН АБАДӢ БОШАД!

Гуфтугӯ бо Артисти халқии Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қароқалпоқистон Ёдгор Саъдиев

— Оғои Ёдгор, шуморо ба муносибати дастёбӣ ба унвони Артисти халқии Тоҷикистон аз номи ҳазорон алоқамандони санъат табрику муборакбод мегӯем.
– Сипос. Ин унвон мояи ифтихори ман аст. Шахсан аз дасти Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гирифтани унвон ва дар байни ду президент ба сурат афтодан дар рӯзгори инҷониб яке аз рӯзҳои фаромӯшношуданист. Медонам, маро дар Тоҷикистон низ хуб мешиносанд. Камина чил сол қабл ба Тоҷикистон омада, дар филми «Ҷӯра-сайёди минархарӣ» ба сурат афтода будам. Филм тӯли дуним сол ба навор гирифта шуд. Лозим омад, ки хеле зиёд ба Душанбе равуо кунам. Дар Тоҷикистон на танҳо маро, балки «Ҷӯра-сайёди минархарӣ»-ро низ фаромӯш накарда будаанд. Филм соле ду маротиба тавассути телевизион намоиш дода мешудааст. Фикр мекунам, унвон арзёбии меҳнати инҷониб дар «Тоҷикфилм» низ мебошад. Дар бораи филм алоҳида суҳбат хоҳем кард. Ҳоло гуфтаниям, ки аз Душанбеи зебо хеле хушам омад. Солҳои банаворгии филм Душанбе мисли хонаи худам шуда буд. Дар меҳмонхонаи «Интурист» мезистам. Имрӯз меҳмонхонаро ҷуста пайдо накардам. Номи «Тоҷикистон»-ро ҳам дошт. Кинотеатри «Ватан» низ, ки он ҷо филми «Мағлубнопазир»-ро намоиш дода буданд, бароям яке аз ҷойҳои азиз аст. Баъди тамошои филм, маро ба нақши Тағойи филми «Ҷӯра-сайёди минархарӣ» даъват намуда буданд.
Душанбе куллан чеҳра дигар кардааст, шаҳрро шинохта намешавад. Биноҳои осмонбӯс, кӯчаҳои васеъ ва хиёбонҳои пургул ба ҳусни шаҳр афзудаанд. Дилбастагиям ба Душанбе бештар шуд.
— Хуб медонем, ки дӯстони қадршиноси шумо дар Тоҷикистон зиёданд. Дар байни онҳо санъаткорон низ ҳастанд...
— Дуруст гуфтед, дар Тоҷикистон дӯстону қадрдонҳои зиёд дорам. Таассуф, ки баъзеи онҳо ин ҷаҳонро тарк кардаанд. Ато Муҳаммадҷонов, Ҳабибулло Абдураззоқов, С. Азаматова... Кадомашонро гӯям... Лекин дар Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон аз дидори  як дӯст шод шудам. Якдигарро гарм ба канор гирифтем. Эшон лауреати мукофотҳои давлатӣ, Артисти халқии СССР Ҳошим Гадоев буданд, ки ӯро дар сартосари шӯравии собиқ мешинохтанд. Оғои Ҳошим дар филми «Ситораи Улуғбек» нақши Абдулатифро бозидаанд. Ман дар Душанбе ба саҳна баромада изҳор доштам, ки Ҳошим Гадоеви шуҳратёр санъаткори басе бузурги касбӣ аст. Ӯ Шукур Бурҳоновро устоди худ медонист. Дар пайравӣ ба устодаш нақши Шоҳ Эдипро бозидааст. Ҳунарпешагони Тоҷикистон дар Ӯзбекистон устодони зиёд доранд. Вале инҷониб дар Тоҷикистон устоде дорам, ки ӯ Марат Орипов мебошад. Аз нақшҳои бозидаи ӯ хеле хушам меояд. Бо оғои Марат чор-панҷ маротиба вохӯрдаам. Манзили охираташ обод бод.
Вақте дар кӯчаҳои Душанбе гаштугузор доштам, ёд аз санъаткорони номии тоҷик кардам, ки дар «Ӯзбекфилм» нақш бозидаанд. Сурати Сайрам Исоева, ки нақшҳои Нодирабегим ва Майсараро бозидааст, пеши назар омад. Дар ҳаққи санъаткорони ӯзбекистонӣ — устод Набӣ Раҳимов ва Абдураҳим Абдуваҳҳобов, ки дар филми «Ҷӯра-сайёди минархарӣ» нақш бозидаанд, дуо кардам. Вақте филми «Ҷӯра-сайёди минархарӣ» дар кӯҳҳои назди Душанбе ба навор гирифта мешуд, зимистони сард ҳукумат дошт. Ҳама ҷоро барф пӯшида буд. Аз баландии панҷсад метр бо кумаки ресмон болову поин мефуромаданд. Мо ба ҳамон баландӣ баромадем. Манзараи аҷиб: дар поён барфи сап-сафед, дар боло офтоб шаъшаъапошӣ мекард. Устод Набӣ Раҳимов пӯстинро аз бар кашиданд. Басуратгирӣ дар ағбаи Анзоб ва Бухоро идома ёфт...
Солҳои пеш мо ба Тоҷикистон мерафтем, ҳунарпешагони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон омада нақш мебозиданд. Чунин ба назар мерасад, ки он рӯзҳои хуб омада истодаанд. Дар соҳаи кино мо боз ба ҳам қаробат меҷӯем.
— Чанд сол қабл дар даҳони алоқамандони футбол ин сухан сайр дошт: «Дар дастаи футболи «Пахтакор» дарвозабони ӯзбек пайдо шудааст, ки хеле чусту чолок аст». Оғои Ёдгор, он дарвозабон шумо будед. Вале чаро, ғайричашмдошт, ба олами санъат ворид шудед?
— Аз овони бачагӣ ба санъат иштиёқ доштам. Зеро падарам — Ҳабиб Саъдиев актёри театри Ҳамзаи собиқ буд. Ӯ ҳамроҳи Набӣ Раҳимов, Шукур Бурҳонов, Олим Хӯҷаев ва Карим Зокировҳо ба ин театр омада буд. Мегӯянд, ки аз хун ба хун мегузарад. Бародарам — Артисти халқии Ӯзбекистон Хайрулло Саъдиев ва ман бо роҳи падар рафтем. Вақте ба Институти театр ва рассомӣ дохил мешудам, ректор савол дод: «Чаро шумо аз баҳри футбол баромада, ба олами санъат ворид шуда истодаед?» Ман суханони Мир Алишер Навоиро як андак тағйир дода, посух додам: «Муҳаббати ман ба футбол аз муҳаббатам ба санъат шарораест». Сипас монолог иҷро кардам. Монологамро шунида гуфтанд, ки ту ба институт дохил шудӣ. Дар байни санъаткорон як инҷониб устоди варзиш ҳастам.
Моҳи декабри соли 1964 маро ба дастаи «Пахтакор» қабул карда буданд. Аз ӯзбекон ҳимоятгар, нимҳимоятгар ва ҳамлавар буд, вале дарвозабон набуд. Мухлисонам кам набуданд. Футболро дӯст медорам. Ба туфайли футбол дар филми сеқисматаи «Ринг» нақши муштзанро бозидаам. Боксро ба ман дӯсти қадршиносам, «бабри Осиё» — Руфат Рисқиев ёд дода буд. Нақшро бе дублёр иҷро карда будам. Бояд бигӯям, ки дар филми «Мағлубнопазир» низ ҳамаи трюкҳоро худам иҷро кардаам, ки ба туфайли футбол аст...
— Шуморо дар Тоҷикистон на танҳо ба сифати Тағойи «Ҷӯра-сайёди минархарӣ», балки ба сифати Асадбек низ хуб мешиносанд. Аксарият, пас аз тамошои «Шайтанат», ба фарзандони худ номи Асадбекро додаанд. Асадбек дар талқини шумо басе ҳавасангез аст. Зеро ӯ дар китоб қаҳрамони манфист, вале дар кино, бо вуҷуди баъзе ҷиҳатҳои номатлубаш, ба образи мусбӣ табдил ёфтааст. Биноан, тамошобин ӯро хуш қабул мекунад.
— Мо талқини Асадбекро дар филм якҷо бо муаллифи «Шайтанат» — Тоҳир Малик омода карда будем. Манзили охирати оғои Тоҳир обод бод! Камина дар асари эшон — «Тири охирин» нақши Ҷаҳонгирро бозидаам. Ин одам 37 сол бегуноҳ ҳабс шудааст. Дар маҳбас бо як олими рус, ки ӯ низ маҳбус буд, баҳс мекунанд. Ӯ нисбати халқамон як андак суханони таҳқиромез мегӯяд. Ҷавоби Ҷаҳонгир ба олими рус ин буд: ту нисбати халқи ман бад магӯ, ман ӯро бо тамоми камбудиҳояш дӯст медорам. Магар намешавад дар талқини Асадбек ин усулро ба кор барем? Асадбек низ вакили халқи мост. Аз ин рӯ, намешавад дар баробари ҷиҳатҳои манфиаш, тарафҳои мусбиашро низ нишон диҳем? Бо ин суолҳо ба Тоҳир Малик рӯ овардам. Оғои Тоҳир, баъди мулоҳизаҳои тӯлонӣ, пешниҳодҳоямро пазируфтанд.
Дар Душанбе ҳис кардам, ки мухлисони Асадбек кам нестанд. Одамони ношинос ба инҷониб чун ба Асадбек муроҷиат мекарданд. Робита ва рафтуои мо ҳеч гоҳ қатъ нахоҳад шуд. Деворе номаълум тӯли чанд сол дар байни мо рӯида буд. Шукр, ки имрӯз ба туфайли иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат он аз байн бардошта шуд.
— Шунидем, ки Шумо ба дунболи амалӣ гардидани нақшаи бузурге мегардед, ки он дар саҳни театр намоиш додани дӯстии устоду шогирд — Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишри Навоӣ будааст...
— Ин нақша дар дили ман, баъди гирифтани унвони Артисти халқии Тоҷикистон, тавлид шуд.  Шавкат Мирамонович гуфтанд, ки дар мо доир ба зиндагинома ва эҷодиёти Ҷомӣ ва Навоӣ филме ба навор гирифта мешавад. Акнун итминон дорем, ки дар театри миллӣ доир ба ин мавзӯъ спектакли хуб ба саҳна гузошта мешавад. Ман аз Душанбе ба шоир ва драматурги шинохта — Усмон Азим дар ин хусус занг задам.  Пешниҳоди Президентамонро ёдрас намудам. Ҳоло Усмон Азим рӯйи асари нав ба кор шурӯъ кардааст. Худо ба нияти некамон бирасонад. Итминони комил дорам, дӯстию бародарие, ки ба он Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҳусни оғоз бахшидаанд, абадӣ хоҳад шуд. Инҷониб дар Душанбе як сухани Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар банди ҳаяҷон шунидам. Эшон гуфтанд: Шавкат Мирамонович, Шумо тӯли ҳафт соли охир дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро аз нав барқарор намуда, деворро аз байн бардоштед. Ин баробар аст ба савоби ҳафт маротиба ба ҳаҷ рафтан...
Мо — санъаткорон дар роҳи таҳкими дӯстии халқҳо камарбастаем. Камина, ҳамчунин, бо орзуе ба сар мебарам, ки он гузоштани спектакл дар Театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе мебошад. Мехостам он ба ду забон — ӯзбекӣ ва тоҷикӣ бошад. Мо инро дар Театри давлатии ба номи Бердақи Қароқалпоқистон таҷриба кардаем. Мисли ҳамин, мехоҳам дар Душанбе дар як саҳна актёрони тоҷик ба забони тоҷикӣ ва актёрони ӯзбек ба забони ӯзбекӣ ҳарф зананд.
Бигузор, дӯстиву бародарии ду халқ беш аз пеш таҳким ёбад!
— Барои суҳбати пурмуҳтаво арзи сипос менамоям.
— Саломат бошед!

Суҳбаторо Ӯринбой УСМОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: