САНЪАТ БА ДОРОИИ МАЪНАВИИ ИНСОН МЕАФЗОЯД

Бани башар аз азал дилбохтаи санъат буду ҳаст.

 Одамон наметавонанд бе санъат ба сар бурдан. Ҳоло инсонҳо аз осори санъат, хоссатан, пайкараҳои бо камоли маҳорат офаридашуда бо ҳаяҷони зиёд дидан мекунанд. Сабаб ин аст, ки импрессионистон дар олами санъат ба тасаввурот ва хаёлбандӣ беш аз андоза дода шуда истодаанд.
Дар шаҳрҳо бар асари бетонпӯш шудани сатҳи замин ва нопадид гардидани растаниҳо одамон хастагии рӯҳиро эҳсос менамоянд. Ин ҳолат ба он оварда расонда истодааст, ки онҳо ба қадри зебоӣ бирасанд. Алоқамандони санъати классикӣ дар ҷараёни саёҳат аз осори пайкарасозон завқ бурданро дӯст медоранд. Сабаби ба худ ҷалб намудани осори ҳунарие, ки миллионҳо нафар аҳолии сайёраро ба худ ҷалб менамоянд, дар ин ҷост.
Имрӯз ба биноҳои баландошёнаи шаҳрҳо беш аз пеш оро медиҳанд, ки яке аз сабабҳои аз эътибор як андак дур мондани пайкараҳост. Ҳоло дар хусуси осори ҳунарие ҳарф заданием, ки  дар асрҳои минбаъда низ «абадият»-ашонро гум нахоҳанд кард. Бешубҳа, дар ин маврид асари Микеланҷело — «Давид» дар ҷойи якум қарор мегирад. Қаҳрамони асотирӣ, ки чанд метр баландӣ дорад, басе воқеӣ тасвир ёфтааст. Аксарият бар онанд, ки Давид одами бенуқсон мебошад. Зеро пайкару чеҳраи ӯ ҷозибаи ба худ хос дорад.                                                                                                                                                                      Аз эҷодиёти нобиғаи флоренсӣ дар галереяи академии шаҳри Флоренсияи Итолиё мевавон баҳра бурд.
«Венерияи милосӣ», ки намунае аз эҷоди еллинистӣ мебошад, дар тӯли қарнҳо алоқамандони  санъати Юнони қадимро ба худ ҷалб  намудааст. Ин пайкара, ки тӯли чанд қарн сарчашмаи илҳоми шоиру нависандагон будааст, ҳамеша дар баробари «Моно Лиза»-и Леонардо да Винчи арзёбӣ шудааст. «Венераи милосӣ» дар осорхонаи Луври Париж таҳти назорат қарор дорад.
Дар Чин мавзеъҳои истироҳатӣ кам нестанд. Солҳои охир дар ин самти сайёҳӣ мамлакат куллан чеҳра дигар кард. Баъди роҳандозии инфрасохтори сайёҳӣ муфлисӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт. Ба рӯйи онҳое, ки аз ин кишвар дидан мекунанд, олами санъати пайкарасозӣ кушода шуд. Пайкараҳои сарбозони савор, ки аз гили сурх сохта шудаанд, ба сайёҳон таассуроти амиқ мегузоранд. Ин лашкар бино ба фармони император Син Шихуанди, бо хотири он, ки аскарон дар он дунё тобеи рӯҳонии аз ҷониби Худо таъингардида гарданд, сохта шудаанд. Ин лашкар шубу рӯз дар шаҳри Сиан сари по истода сайёҳонро пешвоз мегирад.
Асари санъати «Алӣ ва Нино» дар соҳили халиҷи Батумии шаҳри Батумии Гурҷистон воқеъ аст. Ҳар рӯз аз соати 19.00 ҷуссаҳое, ки 8 метр қад доранд, ба мақсади якҷо шудан, даврзанон ҳаракат мекунанд. Ҳамин ки як шуданд, боз шурӯъ мекунанд ба дуршавӣ. Тамара Квеситадзеро ба ин кор романи «Алӣ ва Нино» (соли 1937), ки дар он оиди  духтарону писарони ба дину қавмҳои гуногунро қабул карда натавонистани оилаҳо сухан меравад, илҳом бахшидааст. Қаҳрамонҳо дар тӯли умр ҳаракат мекунанд, ки тамоми монеаҳоро бартараф намоянд, ҳатто ба ин мақсад оила барпо менамоянд. Вале дар асар Алӣ Ниноро бо духтари кучакаш танҳо гузошта, аз ҳаёт чашм мепӯшад. Фоҷеаи ҳаёт ҳамагӣ дар тӯли 10 дақиқа, ки рақси муҳаббатро мемонад, онҳоро ба тасвирҳои оҳанин табдил медиҳад. Аз ин рӯ, пайкараи мазкур «Муҷассамаи муҳаббат» номида шудааст.

Муҳаммадрасул МАЛИКҶОНОВ,
донишҷӯйи Институти наққошӣ 
ва дизайни миллии
 ба номи Камолиддини Беҳзод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: