Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған 6 июн ба ин кишвар бо боздиди расмӣ ташриф меорад.
Дар барномаи будубош баргузории ҷамъомади сеюми Шӯрои ҳамкории стратегӣ дар Анқара таҳти раёсати роҳбарони ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.
Аз рӯзномаи ҳамоиш масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркия ҷой гирифтааст.
Ба густариши ҳамкории амалӣ, пеш аз ҳама, вусъат додани ҳаҷми муомилоти мол, пешбурди лоиҳаҳои кооператсия дар соҳаҳои саноат, энергетикаи «сабз», электротехника, бофандагӣ, дорусозӣ, сектори аграрӣ ва дигар самтҳо, аз он ҷумла дар доираи барномаи шарикии давлатию хусусӣ эътибори алоҳида нигаронда хоҳад шуд.
Масъалаҳои идома додани табодули фаъоли фарҳангиву башардӯстӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Оид ба ҷанбаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор барпо мегардад.
Бинобар натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ қабули як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия бо роҳбарони корхонаву ширкатҳои бонуфузи ду кишвар мулоқоти нахустини муштарак баргузор мекунанд.