Дар қароргоҳи ЮНЕСКО 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил мегардад

Бинобар иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоыикистон аз 5 то 8 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

Ба ин муносибат пагоҳ, 5 июн аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» намоиши ҷашнӣ пешниҳод мегардад, ки он давоми ҳафта ба тамошобинон ва меҳмонон имкон медиҳад, ки мероси Мавлоноро амиқтар омӯзанд.

Ҳамчунин 7 июн Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба омӯзиши аҳамияти осори Мавлоно баргузор мешавад, ки дар он дар мавзуъҳои «Ҷаҳоншиносии Мавлоно Балхӣ», «Мавлоно Балхӣ ва тасаввуф», «Мавлоно Балхӣ ва адабиёти фалсафӣ», «Ҳуқуқи башар ба ақидаи Мавлоно Балхӣ» ва «Асрори бадеӣ дар осори Мавлоно» маърузаҳои олимони маъруф аз саросари ҷаҳон манзур мегарданд.

Шоми 7 ва 8 июн таҳти унвони «Оҳангҳои ҷовидонӣ»  барномаи фарҳангӣ аз осори Мавлоно пешниҳод мегардад.

Ин барнома имкон медиҳад, ки таъсири Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирад. Он ба олимон, санъаткорон ва оммаи васеъ имкони пурарзиш фароҳам меорад, ки ба ҳам омада, ба саҳми амиқи ӯ дар адабиёт, фалсафа ва маънавият баҳо гузоранд.

Ҳамчунин аз ҷониби тарроҳони чирадасти мамлакат намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин буда, тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Шоир соли 1273 дар Рум вафот кардааст. Алҳол оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дошта, зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони каломи бадеъ аст.

Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон давоми солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: