Бар асари бархӯрди қатора дар Ҷумҳурии Чех чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд

Бар асари бархӯрди як қатораи мусофирбар ва як қатораи боркаш дар шаҳри Пардубисеи марказии Чехия дасти кам чаҳор нафар ҳалок ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Дар ин бора портали хабарии iDNES бо такя ба хадамоти изтирорӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, вазъи бархе аз осебдидагон вазнин аст. Дар ҷои ҳодиса корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ идома доранд, 36 бригадаи оташнишонӣ ва як чархбол ҷалб шудаанд, хабар медиҳад report.az.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: