Дар доираи барномаи будубош дар шаҳри Анқара Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамсараш ҳамроҳи Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған ба намоишгоҳи фарҳанг, санъат ва ошхонаи Туркия ташриф оварданд.
Намоишҳои театрии дастаҳои фолклорӣ ба меҳмонон пешкаш карда шуданд. Нақши муҳими мубодилаи маданӣ дар кори боз ҳам наздик кардан ва мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои бародари мо қайд карда шуд.