ЖУРНАЛИСТЕ, КИ КОРУ ПАЙКОРАШ ҚОБИЛИ СИТОИШУ ПАЙРАВИСТ

Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд – «Ориёно», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маъруф Отахонзодаро ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ мешиносам.

Ибтидои ин шиносоӣ ба муддати таҷрибаомӯзиам дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») маншаъ мегирад, ки  ба нимаи солҳои ҳафтодуми қарни гузашта рост меояд. Ҳамон солҳо низ вай чун ҳамеша пуркор ва боғайрату боҳавсала буд. 
Дарвоқеъ, бархе аз кормандони собиқи рӯзномаи «Овози тоҷик» баъди баромадан ба нафақа ва ё гузаштан ба кори дигар робита бо рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро қатъ кардаанд. Аммо интишори мақолаҳои устод Маъруф Отахонзода дар мавзӯъҳои гуногуни адабиву фарҳангӣ ва маърифативу маънавӣ баёнгари онанд, ки вай ҳаргиз аз ин рӯзнома дил канда наметавонад ва саъю талош ба харҷ медиҳад, ки доир ба масъалаҳои гуногун ибрози назар намояд. Хусусан, силсиламақолаҳои устод Отахонзода таҳти унвони «Ёди ёдҳо», ки чанд моҳ пеш дар саҳифаҳои рӯзнома интишор ёфт, ба ин гуфтаҳои мо ҳамчун мисоли равшану возеҳ хидмат хоҳад кард.
Боиси қайд аст, ки ин мавод басо ҷолибу хонданӣ буда, саҳифаҳои гуногуни журналистикаи тоҷик дар Ӯзбекистонро бозтоб додааст. Аз сӯи дигар, «Ёди ёдҳо» мавриди таваҷҷуҳи аҳли илму фарҳанг ва муштариёни зиёд қарор гирифта, вокунишҳои мусбатро дар миёни онҳо ба бор овардааст. 
– Ин беҳуда нест. Устод Маъруф Отахонзода хеле устокорона дидаву шунидаҳои худро дар робита бо хидматҳои бузурги як идда ашхос дар рӯзномаи «Овози тоҷик», инчунин радиову телевизиони ҷумҳурӣ ба қалам додааст, ки дар айни замон низ ба забони ноби форсии тоҷикӣ барномаҳои рангоранг ва матолиби ҷаззоб интишору пахш мекунанд, – мегӯяд шоир ва журналист Масъуди Мирзо.
Вай мӯътақид аст, ки устод Отахонзода аз зумраи он қаламкашони бедордилу шуҷоъ дар Ӯзбекистон мебошанд, ки теъдодашон ангуштшумор аст. Ба таъкиди Масъуди Мирзо Маъруфака мардумро ҳамеша ба хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллӣ даъват мекунад. Барои ҳамин дар соири шаҳру вилоятҳои кишварамон забон ва расму ойинҳои миллии тоҷикӣ пойбарҷову устувор боқӣ мондаанд.  
Баъзан мехоҳам ба суоле посух пайдо кунам, ки дар зеҳнам пайдо шудааст: «Устод Маъруф Отахонзода журналист аст ё олим?» Чунки дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ва шабакаҳои иҷтимоӣ ғайр аз мақолаҳои таҳлилии иҷтимоиву фарҳангӣ, инчунин бо имзои ӯ матолиби илмӣ интишор меёбанд. Яке аз чунин мақолаҳои ӯро дар саҳифаи иҷтимоии «Фейсбук» бо истинод ба маводи тадқиқотии муҳаққиқони гуногун дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Паҳлавон Маҳмуд таҳти унвони «Паҳлавон Маҳмуди хоразмӣ ва адабиёти форсии тоҷикӣ» мутолиа кардам. Дарҳақиқат, пажӯҳиш ва таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни илмиву адабӣ яке аз паҳлӯҳои фаъолияти ин журналисти шинохтаи тоҷики муқими Тошкандро ташкил мекунад. Ӯ ба ин васила талош ба харҷ медиҳад, ки дар бознишастагӣ ва меҳнати пурмаҳсули солҳои дароз имрӯз низ орому осуда нанишинад ва эҷод кунад.  
«Паҳлавон Маҳмуд ҳам дар шеърият ва ҳам дар фалсафа давомбахши пурзаковати эҷодиёти Хайём аст. Дар адабиёти форсӣ, баъди Хайём дигар шоире, ки фақат рубоӣ навишта бошад, нест. Ин ҳол дар адабиёти халқҳои туркӣ ҳам дида намешавад. Паҳлавон Маҳмуд бошад, тамоми умр фақат ба забони форсӣ-тоҷикӣ рубоӣ эҷод кардааст», омадааст дар яке аз мақолаҳои ӯ. 
Вай бо ҳукми тақдир тошкандӣ шудааст. Дар ин бора Маъруф Отахонзода дар мақолае таҳти унвони «Хобби» чист ва «кумир» кист?», ки рӯзномаи «Овози Самарқанд» нашр кардааст, ёдоварӣ намудааст. Ба навиштаи устод Отахонзода соли 1969 бо роҳхати Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» омадааст. Дар он солҳо ҳамчун мусаҳҳеҳ ба кор даромадан барои хатмкардаи донишгоҳ муваффақияти калон буд, аз ин лиҳоз ин вазифаро бо сарбаландӣ анҷом додааст. 
Ҳамон солҳо дафтари рӯзномаву маҷаллаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва вилояти Тошканд дар як бинои қадимасохт, воқеъ дар назди Театри Навоӣ маскан гузида, дар ошёнаи сеюми ин бино ходимони рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ду-се нафарӣ менишастаанду эҷод мекардаанд. Барои ба ин бино ворид шудани ҳар меҳмон ягон мушкил пеш намеомадааст, барои ҳамин қадами меҳмонҳо аз идораи рӯзнома ҳаргиз канда намешудааст.
Маъруфакаи мусаҳҳеҳ, ки хеле ҷавон будааст, ғайр аз мусаҳҳеҳӣ боз вазифаи дигар низ доштааст. Яъне, агар ягон меҳмони иззатманде ба идораи рӯзнома сар занад, вайро бо як пиёла чой ва санбӯсаи болаззати нархаш чортина меҳмондорӣ мекардаанд. Овардани ин санбӯсаро вай ба ҷо меовардааст ва меҳмон хурсанду шод аз идора бадар мерафтааст.
Устод Отахонзода соли 2004 дар рӯзномаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» мақолаеро таҳти унвони «Шайх Шиблиро медонед?» интишор намудааст, ки гуфта мешавад, ҳанӯз аҳли адабу фарҳанг дар бораи ӯ соҳиби маълумоти возеҳ наянд. Дар ин мақола омадааст, ки дар «Тазкират ул-авлиё»-и Фаридуддини Аттор ва «Насоим ул-муҳаббат»-и Алишери Навоӣ номи ин шайхи бузург бо эҳтироми хоса зикр шудааст. 
Ба навиштаи Маъруф Отахонзода Бобур Мирзо дар охири тарҷумаи «Рисолаи Волидия» исми Шайх Шиблиро дар баробари исми Ҷунайди Бағдодӣ зикр кардааст. Вай талош намудааст, ки ба суолҳои «Шайхи бузург, ки ин қадар обрӯи баланд гирифтааст, кист? Нақши ӯ дар таърихи тасаввуф чӣ гуна аст?» посух додааст, ки аҳамияти калони адабиро молик мебошад.
Ба таври мухтасар метавон қайд намуд, ки Абубакри Шиблӣ (859-946) аз донишмандони барҷастаи замони худ  ва аз шогирдони Мансури Ҳаллоҷ (858-922) будааст. Сипас дар назди Ҷунайди Бағдодӣ (вафоташ 911) таҳсили илм кардааст ва дар миёни мардум ҳамчун донишманди фиқҳ маълуму маъруф гаштааст. Дар мавриди таблиғу ташвиқи ин донишманди машҳур хидматҳои устод Маъруф Отахонзода хеле бузург мебошад.
Ногуфта намонад, ки бо вуҷуди кору фаъолияти журналистӣ ва пажӯҳишҳои зиёди илмӣ, вай солҳои дароз дар раъси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд – «Ориёно» низ қарор дорад. Маъруф Отахонзода талош менамояд, ки аҳли адабу фарҳанг гирдиҳам оянд ва давра гирифта, суҳбат кунанд, шефтагони шеъру адаби гуворои форсии тоҷикии муқими пойтахтро аз накҳати бӯстони адабиёт бархурдор созанд.
Вай дар давраи фаъолият ба ҳайси журналист, ки асосан дар «Овози тоҷик» анҷом додааст, дар рушду нумӯъи журналистикаи тоҷик ва сабзидани кадрҳои ҷавони соҳаи мазкур хидматҳои калон кардааст, соҳиби эҳтироми бузург ва эътирофи давлату мардум гаштааст. Гузашта аз ин, кору пайкори устод дар қобили ситоиш ва барои шогирдон қобили пайравӣ мебошад.
Устод имрӯзҳо дар давраи пайвандону дӯстон ва шогирдон синни мубораки ҳаштодро бо хушу хурсандӣ таҷлил менамояд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки Маъруф Отахонзода дар саҳифаҳои он низ мақолаҳову матолиби гуногунро ба нашр мерасонад, мушоҳида кардан мумкин аст, ки даҳҳо дӯстону шогирдон бо ҳарфу шодбошиҳои самимӣ ӯро бо зодрӯз ва таҷлили ҷашни ҳаштодсолагиаш табрик мекунанд. 
Шоир ва олими ҷавон, собиқ корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» Хусрави Саъдулло дар ҳақи устод чунин абёт навиштааст:
Гашт Маъруф номи ӯ, 
зеро 
Пайрави аҳли ишқу 
ирфон аст. 
Бо калому камоли 
афкораш 
Ҳайкали зиндаи ниёгон 
аст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: