ВОХӮРӢ БАЪДИ 60 СОЛ

Мактаби миёнаи рақами нуҳуми ноҳияи Шофиркон яке аз дабиристонҳои куҳнатарин мебошад, ки соли 1926 барои толибилмон дари худро кушодааст.

Сараввал ин илмгоҳ номи яке аз устодони адабиёти форсу тоҷик Абулқосими Лоҳутиро дошт. Соли 1958 ба муносибати ҳазорсолагии Одаммушшуарои каломи форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба он номи ин абармардро гузоштаанд. 
Ҳамин тариқ, ин мактаб соли 2026-ум садсолагии хешро пешвоз мегирад. Дар омади гап таъкид бояд кард, ки ҳамон солҳои мактабҳои навташкил адади мактабҳои тоҷикзабони ноҳия 13-торо ташкил мекард, ки ҳоло ягонто аз он фаъолият надоранд. Бачаҳо то соли 1955 дар ин ҷо маълумоти миёнаи нопурраро  гирифта, сонӣ дар мактабҳои рақами 1 ва 13-уми ноҳия соҳиби маълумоти миёна мешуданд. 
Солҳои зиёд бачаҳо аз деҳаҳои Ҷӯйинав, Маҳаллаишерон, Ҳавлинав, Чуқурак, Ғуломте, Талисафед, Искогаре, Янгиқишлоқ, Янгиобод, Вардонзеҳи куҳна, Чуқураки поён ба ин даргоҳ омада, таҳсили илм мекарданд, ки аз байни онҳо нафарони зиёд  ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзандаи худро гузоштаанд, аз ҷумла, ду нафар академик, 12 нафар доктор ва беш аз 20 нафар номзадҳои илм, шоирон, нависандагон, журналистон таҳсилгири ҳамин дабистон мебошанд. Инчунин, шогирдони мактаб Хӯҷамурод, Султонмурод, Авезмурод Қӯлдошевҳо, Ислом Орипов, Ато Фаттоевҳо дар рӯзномаи «Овози тоҷик», Карим Каримов ва  Икром Ориповҳо дар рӯзномаи ноҳиявии «Шофиркон овози» меҳнат кардаанд. Дар давоми сад сол дар ин мактаб 30 нафар сардорӣ кардаанд.
Ба қарибӣ як гурӯҳ хатмкунандагони мактаб ба муносибати 60-солагии хатм ҷамъ шуданд. Дар сафи онон доктори илмҳои техникӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Бухоро Зуҳур Тоҳиров, панҷ нафар муаллимон – Кумуш Қиличев, Муҳсин Шокиров, Адизова ва Нарзиевҳо, мириоб Салим Воситов, Қурбон Ҳасанов, усто Ортиқ Қодиров, ходимони тиб Муборак Ҳусенова, Дилафрӯз Ҳотамова, ҷамъ 20 нафар барои боздид омаданд. Нишаст бо қироати оятҳои Қуръони карим оғоз ёфт, ки ба рӯҳи устодон ва 27 нафар ҳамсинфони гузашта бахшида шуд. Ҳамсинфон оиди ёфту бохташон бар ивази 60  соли ҳаёт гуфтанд ва ният карданд, ки дар ҷашни садсолагии мактаби ҷоноҷон низ ҷамъ мешаванд.

Алимурод ТЕМИРОВ,
ноҳияи Шофиркони 
вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: