Чӣ хеле ки аввал хабар шуда буд, Раиси Сенати Олий Маҷлис, раиси Комиссияи миллӣ оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати муносиб Танзила Норбоева дар Женева (Швейсария) барои ширкат дар сессияи 112-уми Конфронси байналхалқии меҳнат қарор дорад.
Дар мулоқот бо директори Бюрои СБМ оид ба корҳои меҳнаткашон Мария Хелена Андре масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи меҳнати коргарон ва пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, оид ба баланд бардоштани малака ва иқтидори мутахассисон тавассути эҷоди барномаҳои таълимӣ дар якҷоягӣ бо СБМ табодули афкор сурат гирифт.
Дар робита ба рушди фаъоли соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон, афзоиши саҳми бахши хусусӣ ва таваҷҷуҳи брендҳои байналмилалӣ дар бозори Ӯзбекистон ба рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба дар корхонаҳои хусусӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.