ДАР БОРАИ ТАҶЛИЛИ ИДИ МУҚАДДАСИ ҚУРБОН

Иди муқаддаси Қурбон дар таҳкими чунин тамоюлҳои нек, аз қабили меҳрубонӣ, олиҳимматӣ, инсонпарварӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ дар ҳаёти маънавии мо нақши беҳамто дорад.

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтан ва дар сатҳи баланд гузаронидани ин ҷашни фархунда, ҳифзу арҷ гузоштан ба ғояҳои инсондӯстонаи дини мубини ислом ва арзишҳои миллии мо:
1. Бо дарназардошти маълумоти Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи дар соли 2024 ба санаи 16-уми июн – якшанбе рост омадани рӯзи аввали Иди муқаддаси Қурбон 16-уми июн дар кишвар ҳамчун Иди Қурбон васеъ таҷлил карда шавад.
2. Ба эътибор гирифта шавад, ки:
а) мутобиқи моддаи 208 Кодекси меҳнат:
бо сабаби ба рӯзи истироҳат рост омадани рӯзи аввали Иди Қурбон, ки рӯзи ғайрикорӣ аст, рӯзи истироҳат ба рӯзи 17 июн – душанбе кӯчонда  мешавад;
дар айни замон, ҳангоми иҷрои корҳо дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ, ки боздоштани он вобаста ба шароитҳои истеҳсолию техникӣ ва ташкилӣ имконнопазир аст (истеҳсолоти доимӣ, хидматрасонии ҳаррӯза ба аҳолӣ, кори навбатдорӣ ва ғайра), рӯзҳои истироҳат кӯчонда намешавад;
б) мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 декабри соли 2023 № ФП-213 «Дар бораи муқаррар намудани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ дар давраи таҷлили санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2024» 18 июн – сешанбе ҳамчун рӯзи истироҳати иловагӣ барои ҳамаи кормандон муқаррар шудааст.
3. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумитаи оид ба корҳои дин, Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари шарик ҷиҳати дар ҳамбастагӣ бо анъана ва расму оинҳои миллии халқамон гузаронидани Иди муқаддаси Қурбон чораҳои дахлдор андешанд.
4. Кумитаи сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёт барои ташкили зиёрати зиёратгоҳҳо ва ҷойҳои муқаддаси таърихӣ барои ҳамватанони мо дар рӯзҳои Иди Қурбон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварад.
5. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори омма тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои марбут ба таҷлили Иди Қурбонро васеъ инъикос намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон М.М.Комилов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ.

Шаҳри ТОШКАНД,
11 июни соли 2024.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: