РОБИТАҲОИ ИҶТИМОИИ ҶАМЪИЯТҲОИ ҶАҲОНИИ НОБИНОЁН

Аз 31 май то 4-уми июни соли ҷорӣ ҳайати Ҷамъияти нобиноёни Туркия таҳти роҳбарии Президенти Федератсия Меҳмет Емин Демирчӣ бо мақсади ба роҳ мондани робитаҳои иҷтимоӣ байни ҷомеаҳои нобиноёни ҷаҳон, ҳамаҷониба омӯхтани шароити барои маъюбони мамлакатҳо фароҳам овардашуда ва иваз намудани таҷриба дар ин замина ба кишвари мо ташриф оварданд.

Ба ин муносибат дар Маркази матбуоти миллӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси раёсати марказии Ҷамъияти нобиноёни Ӯзбекистон Эргаш Норпӯлодов ба иштироккунандагони чорабинӣ дар бораи фаъолият ва вазифаҳои дарпешистодаи ҷамъият маълумот дода, таъкид кард, ки Ҷамъияти нобиноёни Ӯзбекистон ташкилоти ғайридавлатӣ-ғайритиҷоратӣ буда, ба узвияти ихтиёрии шахсони нобино асос ёфтааст ва як иттиҳодияи умумҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии манфиатҳои нобиноён мебошад.
Дар давоми 90 соли охир оид ба рушди ҷомеа ва беҳбуди зиндагии шахсони имконияташон маҳдуд якчанд анҷуман баргузор гардида, қарорҳо қабул ва амалӣ гардиданд. Дар натиҷа бесаводӣ дар байни онҳо тамоман барҳам ёфт. Ҷомеа бо дастгирии мақомоти давлатӣ нобиноёнро ба тамоми зинаҳои таълим ҷалб намуд. Дар ноҳияҳои гуногуни мамлакатамон корхонаҳои истеҳсолии тобеи сохтор ташкил карда шуда, бо кор таъмин намудани чунин шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. Барои бо варзишу  санъат машғул шудан, шавқу ҳавас ва истеъдоди худро зоҳир намудани онҳо чорабиниҳои оммавӣ-ташкилӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ аҳамияти муҳим касб менамоянд. Ҳамасола дар сохтор зиёда аз 8000 ингуна  чорабиниҳо гузаронида мешаванд, ки омили муҳими рушди нобиноён аст.
Ҳамзамон дар сохтори ҷамъияти нобиноён, ки аз се бахш иборат аст, 1 Идораи марказӣ, 14 шуъбаи ҳудудӣ, 194 шуъбаи маҳаллӣ, 2 маскани фароғатӣ, 3 хоҷагии ёрирасон, 1-то сиҳатгоҳи бемориҳои асаб ва дилу раги «Янгийӯл», ҷамъ 300 корхонаю ташкилот мавҷуд аст.
Ҳамчунин, маҷаллаи адабию бадеии «Бир сафда» аз ҷониби ҷамъият таъсис ёфтааст, аз моҳи сентябри соли 1957 бо ҳарфи брайл ва хати ҳамвор нашр мешавад. Муштариёни маҷалла аз намунаҳои осори эҷодкорони номӣ, андешаҳои фалсафии хирадмандон баҳраманд мешаванд.
Зимни сафар як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта, созишномаи дуҷониба ба имзо расид.

М. МАМАҶОНОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: