КОМЁБИИ ХОҶАГИИ ФЕРМЕРӢ

Хоҷагии фермерии «Ихтиёр ӯғли Ифтихор»-и ноҳияи Вобканд дар вилоят дар қатори аввалинҳо нақшаи солонаи ба давлат фурӯхтани ғалларо ба сомон расонд.

Меҳнатдӯстони хоҷагӣ мавсими нав дар 15 гектар замин гандум кошта, онро табъи дил парвариш намуданд. Дар натиҷа ҳосили дилхоҳ фароҳам омад. Бо вуҷуди мушкилиҳои табиӣ деҳқонон ба ҷойи 25 тоннаи пешбинишуда 31 тонна ғалла супориданд. Онҳо азму кӯшиш доранд, ки ҳосилнокии қитъаҳоро ба 70 сентнерӣ расонанд ва то охири мавсим хирмани 100 тоннагии гандум ҳосил кунанд.
Роҳбарони секторҳо бо сардории ҳокими ноҳия Фарҳод Умаров ҳимматбаландони хоҷагиро, ки дар мавзеи «Янги ҳаёт ариғи»-и ноҳияи Қаровулбозор бо зироатпарварӣ машғуланд, муборакбод намуданд.
Ғаллапарварони вобкандӣ имсол дар 6210 гектар майдон гандум корида, ҳосили фаровон рӯёнданд. 891 гектари онҳоро гандуми тухмӣ ташкил мекунад. Ҳоло тамоми имкониятҳо баҳри  ҳарчи зудтар ғундошта гирифтани камаш 16256 тонна ғаллаи ноҳия равона гардидааст.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: