Ҳамагӣ як сол қабл аз ин соҳибкори ҷавон Алишер Исмоилов дар шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд корхонаи муштараки Ӯзбекистон – Русия «Тандем текстил» ташкил карда буд, ки дар шаҳри Санкт-Петербург харидоронаш хеле афзуд.
– Бо дастгирӣ ва ҷонибдории сарвари давлатамон барои фаъолияти соҳибкорӣ аз Бонки миллӣ қарз гирифта, бо дӯхтани палто ва курткаи наврасон машғул шудам, – иброз дошт Алишер Исмоилов, – Бештари маҳсулотамонро шаҳри Санкт-Петербург харидорӣ карда, ҳатто шохобчаи савдо дар соҳили рӯди Нева ташкил ёфт. Аз ҳама муҳимаш, беш аз 100 нафар бонувон бо меҳнати фоидабахш банд гардидаанд. Аҷибаш дар он аст, ки дӯкондорҳои рус ба муддати се сол шартномаи ҳамкорӣ бастанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.