МАҲАЛЛАИ МЕЛИХӮҶА ОБОД ГАРДИД

Алҳол иқдоми неку наҷиб, корҳои бунёдкориву созандагие, ки бо ташаббус ва роҳбарии Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев амалӣ мегарданд, қабл аз ҳама обод намудани дурдасттарин деҳу авул ва фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ мебошад.

Агар бо чашми мушоҳида нигоҳ кунем, гувоҳ мегардем, ки корҳои созандагӣ қариб дар ҳамаи маҳаллаҳои ҳудуди вилоят ҷараён доранд. 
Марказҳои ҳамаи навоҳиву шаҳрҳо дар давоми се-чор соли охир хусни зебову замонавӣ мегиранд. Хатҳои нави об, газ, электр, таъмири роҳҳои мошингард, бунёди биноҳои истиқоматӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Ӯзбекистони Нав эътибор ба шароити зист, некуаҳволии мардум хуб аст. Инсон қадр меёбад.
Чунин бунёдкорӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Каттақӯрғон низ босуръат идома доранд. Аз ҷумла, аз оғози соли равон дар маҳаллаи Мелихӯҷаи ноҳия дар асоси меъёрҳои «Хонадони обод», «Кӯчаи обод», «Маҳаллаи обод» як қатор корҳо анҷом дода, қиёфаи маҳалла ба таври куллӣ тағйир ёфт.
6-уми июни соли равон дар маҳалла чанд бинои нав ба истифода супорида шуданд. Дар ин чорабиниҳо ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, роҳбарони секторҳо, фаъолони ноҳия, сокинони маҳаллаи Мелихӯҷа иштирок намуданд.
Нотиқон таъкид карданд, ки дар натиҷаи корҳои ободонӣ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Мелихӯҷа, ки дар 1157 хонавода беш аз панҷ ҳазор нафар аҳолӣ дорад, инфрасохтори маҳалла комилан нав гардид.
12 километр роҳи се кӯчаи марказӣ мумфарш карда шуд. Дар масофаи 20 километр роҳ сангчамайда (шағал) паҳн карданд. Ғайр аз ин, бобати беҳсозии таъмини барқ, гази табиӣ ва оби ошомиданӣ як қатор корҳо амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дуто пункти трансформаторӣ сохта шуд, дар масофаи 4 километр шабакаи газ таъмир гардид, ба масофаи 23 километр хати об кашида шуд. Ғайр аз ин, 4 майдончаи воркоут, дар масофаи 4 километр роҳҳои пиёдагард сохтанд.
Ҳамон рӯз дар маҳаллаи Мелихӯҷа қариб 20 объекти нав ба истифода супурда шуд.
Ташкилоти таълими томактабии рақами 19 ба истифода супорида шуд.
Инчунин, бунгоҳи тиббии «Гулобод», ки бо мақсади пурзӯр кардани ҳифзи тандурустии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо ба мардум  қад афрохт, дари худро барои сокинони маҳалла боз кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
 «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: