Дар 71 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳияи Риштон барои бартараф намудани мушкилоти сокинон ва фароҳам овардани шароити созгор талош ба харҷ дода мешавад.
Махсусан, барои ба роҳҳои ҳамвору равон табдил додани роҳҳое, ки солҳои зиёд дар фасли зимистон ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардонро ба мушкил мувоҷеҳ менамуд, тобистон бошад, чангу хоки он ба ҳаво мепечид, корҳои назаррас ба ҷо оварда мешаванд.
Дар ин самт дастандаркорони ҷамоатҳои шаҳрвандон ва ҳокимияти маҳаллӣ вазъи ҳар як кӯчаро мавриди омӯзиш қарор дода, аз рӯйи аҳамияти он ба амалӣ намудани корҳои барномарезишуда иқдом менамоянд. Ходимони роҳҳои автомобилии ноҳия бо дастгирии ташкилотҳои сарпараст ба сангфаршкунӣ, шағалрезӣ ва таъмиру тармими роҳҳои дохилӣ идома медиҳанд.
– Аз ҷумла, корҳои шағалрезии роҳҳои дохилии ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Оқер» ва «Чубурғон» беш аз пеш вусъат пайдо кардааст ва дар рӯзҳои наздик ба анҷом хоҳад расид. Тибқи нақша чунин чорабиниҳо дар ҳамвору равон намудани кӯчаву роҳҳои маҳаллаҳои дурдаст низ пиёда хоҳанд шуд, – мегӯяд ҳокими ноҳия Баҳодур Холиқов.
М. АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Фарғона.