ВОХӮРИИ ҲОКИМИ ВИЛОЯТ БО САФИР

Ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарифов дирӯз бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода мулоқот намуд.

Ҳангоми вохӯрии самимона роҳҳои амалӣ гардондани масъалаҳое, ки дар вақти вохӯрии президентҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуда буданд, мавриди муҳокима қарор ёфтанд. 

Хусусан оиди васеътар намудани робитаҳои савдою иқтисодиёти байни вилояти Бухоро ва ҳудудҳои Тоҷикистон, инчунин пешомадҳои рушд додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иҷтимоию маданӣ таклифу мулоҳизаҳо гуфта шуданд.
Сафири Тоҷикистон дар навбати худ ба иқтидори вилояти Бухоро баҳои баланд дода, мавҷуд будани имкониятҳои рушд додани алоқаҳои савдою сармоягузорӣ, аз ҷумла ташкил намудани корхонаҳои муштарак, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкориҳои молиявиро таъкид кард.
Дар охири вохӯрӣ бобати мустаҳкам намудани ҳамкориҳо мувофиқа намуданд.
Бинобар барномаи сафариаш сафири Тоҷикистон ба ноҳияи Когон рафта, бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли коғази «China xiang yang», корхонаи истеҳсоли гипсокартони «Demir gypsum» ва «Gayrat chodak» текстил шинос шуд.
Мувофиқи нақша аз Донишгоҳи давлатии Бухоро ва осорхонаи устод С.Айнӣ дар Соктареи Ғиждувон низ дидан намуд.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: