Дар вилояти Сурхондарё ғаллапарварони се ноҳия: Музработ, Бандихон ва Тирмиз нақшаи солонаи ғалласупориро пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро намуданд.
Соли ҷорӣ дар ноҳияи Музработ ба 10700 гектар, дар Бандихон 4688 гектар ва дар Тирмиз 2900 гектар майдон деҳқонони заршинос навъҳои серҳосилу зудраси ба иқлиму шароити воҳа мусоидро кишт намуда, дар натиҷаи парвариши хуб дар асоси талаботи агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 80-90 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ гардид. Хоҷагиҳои фермерии пешқадам муваффақ гардиданд, ки аз ҳар гектар то 100 сентнерӣ ҳосил бардоранд. Дар иҷрои нақша ва бунёди хирмани бобаракат саҳми ҳама хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерҳо беқиёс аст. Дар айни ҳол дарави майдонҳои ғалла дар навоҳии Шеробод, Ҷарқӯрғон, Қумқӯрғон ва Шӯрчӣ бо суръат давом дорад. Ғаллакорони навоҳии мазкур низ саъю кӯшиш доранд, ки нақшаи солонаро барзиёд иҷро намоянд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.